Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”

by admin
85 views
Имрӯз дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “ДУНЁИ СИЁСАТ” бо иштироки васеи ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет гузаронида шуд. Сараввал роҳбари маҳфил Назарова Гулнигор суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Назарова М., донишҷӯи курси дуюми факултети мазкур дар мавзӯи “Назарияи сотсиологӣ, пайдоиши дин”, Раҷабов О., донишҷӯи курси дуюми факултети физика ва математика дар мавзӯи “Сарварии сиёсӣ ва элитаи сиёсӣ” ва Сайфиддинзода Ш., донишҷӯи курси дуюми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг дар мавзӯи “Дини Зардуштӣ” суханронӣ намуданд. Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment