Home ХАБАР СИПОСНОМА БА ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА

СИПОСНОМА БА ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА

by admin
284 views

Зиёиён бояд ҷиҳати рушди Тоҷикистони азиз, пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ кушиш намоянд. Дар ин самт мо, пеш аз ҳама, ба омӯзгорон такя намуда, вазифаи онҳоро ба сифати равшанфикрони пешқадам дар дуруст ва самаранок ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон мебинем. Онҳо вазифадоранд, ки наслҳои ояндаро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, заҳматдӯстиву ҳимматбаландӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкиму пойдории забони давлатӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд. Махсусан, зарур аст, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо такя ба омӯзгорони деҳот барои баланд бардоштани мақоми зиёиёни деҳот аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, табибон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ҳамчун хизматчии давлатӣ одоб ва рафтори хуби инсонӣ дошта, барои таъмини ҳифз ва мусоидат ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ мебошанд, пайваста кушишу талош менамояд. Муҳаббаташ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи муқаддас донистани ҳифзи Ватан, хизмати содиқона ба Ватан ва ҷомеаи Тоҷикистонро вазифаи аслии худ медонад. 

Қурбон Ҳакимзода ҳисси баланди инсондӯстӣ дошта, эҳтиромона муносибат намудан ба инсонҳоро шараф медонад ва одилона, бовиҷдонона амал намудану таъмини риояи адолати иҷтимоиро ҳамеша зимни қабули шаҳрвандон риоя мекунад.

Тавассути воситаҳои ахбори омма  фаъолияти шаффофи он кас ҳамеша инъикос мегардад. Поквиҷдонӣ ва беғаразӣ хислати ҳамешагии ӯст. Ба касбият ва салоҳиятнокии ӯ касе шубҳа надорад. Маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, шахсӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва ботаҷрибагӣ, ки асоси иҷрои муваффақонаи вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ӯҳдадориҳои мансабӣ мебошанд, доро мебошад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки инсони масъулиятношинос волидон, наздикон ва ҳатто меҳанро дӯст дошта наметавонад. Дарки бузургии падару модарро намекунад. Ба қадри меҳнатҳои онҳо намерасад. Чи будани Ватан ва муқаддас шуморидани хоки онро намедонад. Пас, мебояд масъулиятро ҳис кунему дар тамоми ҷодаҳои зиндагӣ масъул бошем. Масъулиятнокӣ ба мо роҳу равиш меомӯзонад. Моро аз тангдастӣ раҳо мебахшад. Назди дигарон сарбаланд мекунад. Ба таъкиди Уинстон Черчил «Арзиши бузургӣ масъулият аст».

Месазад, ки барои мардум аз шарҳи ҳоли раиси вилояти Хатлон қисса кунем. Раис ҳар куҷо, ки кор кардааст, фаъолияти назаррас намуда, бо номи нек ба вазифаҳои дигари роҳбарикунанда гузаштааст. Ҳакимзода Қурбон соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро хатм кардааст. Номзади илмҳои кишоварзӣ мебошад.

Cолҳои 1988 — 1996 дар вазифаҳои агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия»-и шаҳри Хуҷанд ва мутахассиси шӯъбаи Комплекси агросаноатии Ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 1996 — 2008 ҳамчун раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд ва сардори  Идораи кишоварзии вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Солҳои 2006 — 2008 Муовини раиси вилояти Суғд, солҳои 2008 — 2010 Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, солҳои 2010 — 2013 Раиси ноҳияи  Фархори вилояти Хатлон ва солҳои 2013 — 2018 муовини якуми раиси вилояти Хатлон буд.

Аз соли 2018 то соли 2019 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2019, №1176 раиси вилояти Хатлон таъйин гардид. Бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисӣ озодона ҳарф мезанад. Бо медали ҷашнии 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тоҷикон яке аз мардумони қадими Осиёи Марказӣ мебошанд, ки фарҳанги бостонӣ ва муассисаҳои таълиму тарбияи дар замони қадим ва ибтидои асрҳои миёна ташаккулёфта доштанд.

Солҳои 2020 — 2040-ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, ки тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиии вилоят бо мақсади бунёди ояндаи дурахшон ба таълими илмҳои табииву риёзӣ зиёдтар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳоло ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — сисолагии истиқлоли давлатӣ сохтмони иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар босуръат идома дорад.

Пешвои миллат дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи дониш қайд карданд, ки: «Аз 1332 мактабу муассисаҳои томактабии ба нақша гирифташуда то моҳи августи соли 2020-ум 367 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 30 кӯдакистон сохта, ба истифода супорида шудааст, ки аз ин шумора 135 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 21 кӯдакистон аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду ватандӯсти кишвар бунёд гардидааст. Дар кишвар танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 муассисаи томактабӣ ва 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.»

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, ба кӯдакону хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва собиқадорони соҳа ҳамеша ғамхорӣ намуда, пайваста кӯмакашон мекунад.

Ба донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ назари нек дошта, пайваста эшонро дастгирӣ менамояд.

Масалан, санаи 18-уми декабри соли 2020 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар он Қурбонов Хуршед, саромӯзгори кафедраи менеҷмент ва маркетинги факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ аз рӯи номинатсияи «Хондан ва аз ё кардани осори адабиёти ҷаҳон» сазовори ҷои 1-ум гардида, насиби 30000 сомонӣ гардид. Инчунин, аз тарафи раиси вилоят бо туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағи пулӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Боиси ифтихор аст, ки санаи 6-уми январи соли 2021 олимаи ҷавон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факултети иқтисод ва идораи донишгоҳ Расулова Лутфия соҳиби «Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон» барои олимони ҷавон гашт ва туҳфаҳо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1000 сомонӣ гардид.

Ҳоло аз тарафи раиси вилоят ба 10 нафар олимони ҷавон ва 4 нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ стипендия муқаррар гардидааст, ки ҳар моҳ ин кӯмакпулӣ ба онҳо дода мешавад.

Ғайр аз ин, раиси вилоят барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 5000 сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 10000 сомонӣ кӯмакпулӣ барои олимони вилоят ҷудо кардааст. Соли 2020 ду нафар омӯзгорони донишгоҳ Акбарова Маҳрамбӣ, номзади илмҳои педагогӣ ва Ниёзов Ҷонмуҳаммад, номзади илмҳои педагогӣ ба ин кӯмакпулӣ мушарраф гардиданд.

Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шумораи олимони ҷавон афзудааст. Дар давоми се соли охир 39 нафар омӯзгорони ҷавон рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҳисоби хонаҳои Мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб 25 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароитҳо барои олимони ҷавон аз тарафи Пешвои миллат ҳадя карда шуд, ки ҳоло дар ин хонаҳо олимони ҷавон зиндагӣ доранд.

Инчунин, дастгириҳои беназири раиси вилоят ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ хеле зиёд аст, ки ҳар яки онҳоро ёдовар шудан аз имкон берун аст.

Ҷавонону донишҷӯёни шаҳри Кӯлоб аз дастгириҳои Шумо муҳтарам Раиси вилоят дар самти ҳавасмандии олимони ҷавон, хонандагони фаъол сипосгузор мебошанд. Соли 2020 бо дастгирии махсусан Шумо дастаи Рашвани Кӯлоб дар Чемпионати лигаи олӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид, ки ин натиҷаи заҳматҳо ва таваҷҷуҳи хосаи шумо ба шумор меравад.

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои дастгириҳои пайваста дар самти маориф изҳори миннатдорӣ намуда, дар корҳои минбаъдаи давлатиашон комёбиҳои назаррасро таманно дорад.

Сипос, ба Шумо раиси муҳтарам!

Раёсати

Донишгоҳи давлатии

Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

 

Related Articles

Leave a Comment