Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ 5 ОДАТЕ, КИ УМРИ ИНСОНРО КӮТОҲ МЕКУНАД

5 ОДАТЕ, КИ УМРИ ИНСОНРО КӮТОҲ МЕКУНАД

by admin
345 views

    Яке аз одатҳои бади одами замонавӣ ин хоб кардан дар назди телефон аст, ки инсонро бехобу беҳол мекунад.

Пизишки амрикоӣ Кэти Белфи панҷ одати бади ҳаррӯзаи инсонро ном бурд, ки ба саломатӣ ва давомнокии умри инсон таъсири манфӣ дорад, менависад .

Интернет

Дастрасии ҳамешагӣ ба ҷустуҷӯи онлайнӣ инсонро қариб пурра аз фикр кардан боздошт, қайд мекунад Белфи. Муайян шуда, ки чунин одат инсонро танбал мекунад ва фикрронии аналитикиро дар вай коҳиш медиҳад.

Ба гуфти коршинос, ин қобилияти кунҷковии табиии инсонро суст мекунад ва пеши роҳи раванди фикрронии мустақилонаро мегирад. Ин сабаби он мешавад, ки инсон дигар қобилияти мустақило ва ва сари вақт қабул кардани қарорро аз даст медиҳад.

Сари вақт истеъмол накардани ғизо

Пизишки ғизошинос Кейт-Томас Айуб маслиҳат медиҳад, ки бояд наҳорӣ кард ва шомгоҳон онқадар зиёд нахӯрд, чун меъда шаб ба ҷои истироҳат кардан бояд ғизои истеъмолкардаи шуморо ҳазм кунад ва босуръат кор кунад.

Ин сифати хобро паст мекунад ва ҳангоми бедор шудан, инсон худро хаста эҳсос мекунад. Сарфи назар кардани саҳархӯрӣ ва истеъмоли хӯроки серғизо пеш аз хоб, ба фарбеҳшавӣ ва баланд шудани сатҳи қанд дар хун боис мешавад.

Истеъмоли ками мева ва сабзавот

Истеъмоли мева ва сабзавот ҳар рӯз ба миқдори муайян бисёр зарур аст. Онҳо аз витамин ва минералҳо бой ҳастанд. Истеъмоли ками мева ва сабзавот метавонад ба саломатии инсон таъсири манфӣ расонад.

Тамошои телевизион

Равоншиносон мегӯянд, аксари мардум аз бекорӣ ба тамошои ахбороти бад мепардозанд ва ба таъсири манфии он нигоҳ накрада, наметавонанд чунин одаташонро бас кунанд. Таҳлилгарон тамошои ахборои бадро боиси дипрессия ва нороҳатӣ ҳамчунин салом

атии бади равонӣ медонанд.

Хоб кардан дар назди телефон

Ин яке аз одатҳои бадтарин ва хатарноктарин аст. Коршиносн мегӯянд, телефон аз худ ранги кабуд

хориҷ мекунад, ки саломатии инсонро барҳам мезанад.

Чунин одат инсонро ба бехобӣ ва беҳолӣ гирифтор мекунад. Пизишкон маслиҳат медиҳанд, ки барои ҳифзи саломатии худ бояд ним соат пеш аз хоб аз истиф  одаи телефон даст кашид.

                                   Овози Самарқанд

Related Articles

Leave a Comment