Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ ЧАНД ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ

ЧАНД ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ

by admin
375 views

  1. Дар илми алгебраи ҷаҳонӣ 14 навъи муодилаи дараҷаи сеюмро Хайём муайян кардааст.
  2. Авалин кашфкунандаи микробҳо Ибни Синост.
  3. Кашф ва тақсимбандии се навъи ҳаракат — аразӣ, касрӣ ва табиӣ (дар илми физика) кори Ибни Синост.
  4. Пурнуфузтарин табиби илмӣ дар тамоми олами асримиёнагӣ Ибни Синои тоҷик буд.
  5. Аввалин ҷароҳии саратонро Ибни Сино кардааст.
  6. Бемориҳои менингит ва диабети қандро авалин бор дар ҷаҳон Ибни Сино муайян намуд.
  7. Асосгузори илми алгебра Муҳаммад ал-Хоразмист.
  8. 70 навъи доруи табобатии ихтироъкардаи Ибни Сино дар ҷаҳони имрӯз ҳам маълум аст.
  9. Рақами сифр ихтирои Муҳаммад ал-Хоразмист.
  10. Авалин маротиба дар ҷаҳон Абӯрайҳони Берунӣ қоидаи ҳисоб кардани масоҳати заминро ошкор сохт, ки дар Аврупо бо номи «қоидаи Берунӣ» маъруф аст.
  11. Курашакл будани замин, дар атрофи меҳвари худ ва дар гирди офтоб давр задани онро чандин қарн қабл аз ғарбиён Абурайҳони Берунӣ кашф карда буд.
  12. Абӯбакри Розӣ яке аз асосгузори физикаи таҷрибавӣ дар олам аст.
  13. Марги мӯш (арсеник) ихтирои Абӯбакри Розист.
  14. Аввалин маротиба дар ҷаҳон доғҳои руйи офтобро ал-Фарғонӣ маълум кардааст.
  15. Аввалин истеҳсолкунандаи кислотаҳои ғайриорганикӣ дар ҷаҳон Ҷобир ибни Ҳайён аст.
  16. Аввалин бор дар ҷаҳон кислотаи сулфатро ҳамчун катализатор Ҷобир ибни Хайён истифода бурдааст.
  17. Авалин маротиба дар ҷаҳон дар дохили атом мавҷуд будани энергияро Ҷобир ибни Хайён пешгӯӣ карда буд.
  18. Асосгузори авалин империяи бузург дар олам Куруши ориёист.
  19. Аввалин интишордиҳандаи эъломияи ҳуқуқи башар Куруши Кабир буд.
  20. Дар Зерландияи Нав одамон аз гӯсфандон 15 маротиба каманд.
  21. Чашми шутурмурғ аз косахонаи сараш калон аст.

Манучеҳр ШАРИФЗОДА,

донишҷӯи соли 2-юми факултети

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment