Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОДАР ФАРИШТА БУД, КӢ ГУФТ БОЛУ ПАР НАДОШТ?

МОДАР ФАРИШТА БУД, КӢ ГУФТ БОЛУ ПАР НАДОШТ?

by admin
287 views

Модар, эй латифтарин гули бӯстони ҳастӣ, эй боғбони ҳастии ман. Нафасҳои ту бӯи биҳишт медиҳанд, ту худ аз ҷинси биҳиштӣ, биҳишт зери пои туст. Ту меҳрубонтарин ситора ҳастӣ. Намедонам, то куҷо метавонам аз меҳрубонии ту бинависам!

Ту бо маниву ман бехабар зи худ. Солҳост мепарварӣ марову ҳар лаҳза мунтазири лабхандам ҳастӣ. Солҳост, ки дар васфи ту дар мондаам. Худоё, ту васф кун, ки натавонам, ту бигу, ки ман безабонам. Зи васфи ин бандаи ту ман дар ҳайрату оҷизам. Чӣ гуна васф кунам он шабҳоро, ки ман хобу ту бедор, ман хобу ту дар фикри дунёи ман, дар фикри фардову фардоҳои манн будӣ. Ман ғофил аз дунёи хешу ту олим ба дунёи ман. Ман паи хатокориву ту ҳар шаб паи покии ман. Гаштам миёни шеърҳо, мақоми ту зи шеърҳо воло. Гаштам миёни боғҳо, Худованд бунёд карда биҳишт зери пои ту.

Садои ту ошнотарин каломест, ки мешиносам. Ту рӯҳи тамоми шеърҳои ошиқонӣ, ки бояд бисароянд! Ҳама меҳрубониҳо ба лабханди ту меарзанд! Аллаи ту суруди нахустини зиндагии ман аст. Ман дилтангиҳоямро дар оғӯши гарми ту фаромӯш кардам ва аз овони кӯдакиям бо садои нарму форамат, бо аллаҳои нозпарварат дар қалби кӯчакам меҳри сухан гуфтанро парваридӣ.

Модар, китобҳоро кофтам, то калимае пайдо кунам, ки битавонад мақому манзалати туро он тавре ки ҳастӣ, ситоиш кунаам, аммо наёфтам. Оё дар дунё беҳтар аз модар шахсе вуҷуд дорад? Ҳаргиз на.

Зеботарин таърифе, ки дар васфи модар будааст, ин он қавли ҳабаби Худост, ки фармуд: «Биҳишт зери қадамҳои модарон аст».

Идат муборак, модарам!

Мастона ҒУЛОМОВА,

донишҷӯи соли 3-юми факултаи

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment