Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ ДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ

ДАЛЕЛҲОИ АҶОИБ

by admin
310 views

-Байрақи Аляскаро  бачаи 13 сола сохт.

-Саломи  ҳарбӣ (воинская честь) дар ягон кишвар бо дасти чап дода намешавад.

-Коди телефонии байналхалқии Антрактида -672 мебошад.

-Капитан Кук аввалин нафаре буд, ки ба ғайр аз Антрактида дар тамоми қитъаҳои   Замин пои худро гузоштааст.

-Қабилаи африкои ғарбии матами бо косахонаи сари одам футболбозӣ мекунанд.

-Дар китобхонаҳои Инглистон аз ҳама бештар Китоби рекордҳои Гиннесро медӯзданд.

-Дар биёбони Сахара як бор 18 феврали соли 1979 барф борид.

-Ягона кишваре, ки дар тӯли як соли 1983 ягон таваллуди  тифл ба қайд гирифта нашудааст, Ватикан аст.

-Дарёи Нил ду маротиба ях кардааст –дар асрҳои IX-XI.

-Дар Сиена, Италия агар номи духтар Мария бошад, ба ӯ иҷозат нест, ки фоҳиша шавад.

-Дар баъзе кишварҳои Шарқ хоридан аз рӯи қонун манъ буд, чунки машғулияти ангезиши  шаҳвонӣ ҳисобида мешуд.

-Дар казинои Лас-Вегас соат нест.

-Дар забони эксимосҳо барои номгӯи барф беш аз 20 калима мавҷуд аст.

-Дар Итолиё лухтаки Барби нисбат ба шумораи канадагиҳо дар Канада зиёдтар аст.

-Дар Фаронса қонун фурӯши лухтаки бо чеҳраи ғайриодамӣ, масалан «аҳли  сайёраи  бегона» (инопланетянок)-ро манъ кардааст.

-Дар панҷ соли охир Канада чор бор аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид беҳтарин кишвар эълон шудааст.

-Дар Рими қадим агар бемор ҳангоми ҷарроҳӣ вафот мекард, дасти ҷарроҳро мебуриданд.

-Гурбае, ки аз ошёнаи 12-ум меафтад, нисбат ба гурбаи аз ошёнаи 7-ум афтида бештар имконияти (шанс) монданро дорад.

-Вақте аврупоиҳо бори аввал заррофаро диданд, онро «шутурупард» номиданд, чунки онҳо  чунин фикр карданд, ки якҷояшавии шутур ва леопард аст.

-Мавҷудоте, ки нисбати ҷисми худ мағзи сари калонтарин дорад, ин мӯрча аст.

-Қариб 70 фоизи мавҷудоти зиндаи рӯи Заминро бактерияҳо ташкил медиҳанд.

-Аломоҳиҳои баҳри Сиёҳ асосан модинаанд, вале баъди панҷ солагӣ ҷинси худро тағйир  медиҳанд!

-Фил ягона ҳайвонест бо 4 зону.

-Дар Токио ҳар сол 2 моҳ дари боғи ҳайвонот баста мешавад, то ин ки ҳайвонҳо аз одамон  дам гиранд.

-Вақте заррофа таваллуд мекунад, тифли он аз баландии 1,5 метр меафтад.

-Гарчанде тахтапушти шутур зада баромада аст, аммо сутунмӯҳраи ӯ рост аст.

-Саги мода нисбат ба саги нар бештар мегазад.

-Ҳар сол одамон аз газидани занбӯр нисбат аз газидани мор бештар ҳалок мешаванд.

-Наҳанг ба бемории саратон сироятнопазир аст.

-Мавҷудоти зиндае, ки муддати аз ҳама тӯлонитар метавонад об нанӯшад, калламуш аст.

-Ягона ҳайвоне, ки ба ғайр аз инсон гирифтори бемории махав мегардад, зиреҳпӯст (ҳайвони дуруштпӯсти ширхӯр дар Америкои Ҷанубӣ ва Марказӣ) аст.

-Баҳмутҳо (бегимоты) дар зери об таваллуд мешаванд.

-Кӯрмуш дар як шаб  метавонад76 метрнақб (туннель) канад.

-Тӯқумшуллуқ қариб 25000 дандон дорад.

-Дар ҳолати норасоии хӯрок тасмакирмҳо то 95 фоизи вазни бадани худро мехӯранд – ва  ҳеҷ чиз не!

-Дар соҳилҳои дарёи Нил ҳар сол беш аз 1000 одамон тӯъмаи тимсоҳ мегарданд.

-Чор соат лозим аст, то ин ки тухми шутурмурғ ҷӯшонида шавад.

-Дар дохили тӯдаи шерҳо аз 9/10 ҳиссаи «тӯъма»-ро ба оила шерҳои мода меоранд.

-Коҳилак (ҳайвони дарахтгарди Амрикои Ҷанубӣ) 75 фоизи ҳаёти худро ба хоб   мегузаронад.

-Колибри (паррандаи бисёр хурди пару болаш зебо) роҳ гашта наметавонад.

-Парвона меъда надорад.

-Вақте бори аввал аврупоиҳо ба Австралия меоянд, аз аборигенҳо мепурсанд: «Ин ҳайвоне, ки ҷаҳида-ҷаҳида роҳ меравад, чӣ ном дорад?» Аборигенҳо ҷавоб медиҳанд: «Кенгуру», ки   маънояш «мо намефаҳмем!» буд.

-Усули аз ҳама осони фарқ  кардани ҳайвонҳо – гӯштнахурандаҳо (вегетарианцы) аз дарранда чунин аст: чашмони даррандаҳо дар қисми пеши рӯй воқеъ аст, то  ин ки тӯъмаи худро   бинанд. Дар гӯштнахурандаҳо бошад – дар ҳар ду тарафи сар, то ин ки душманро бинанд.

-Кӯршабпарак ягона ширхӯр аст, ки парвоз карда метавонад.

-Барои он, ки занбӯри асал як килограмм асал ҳосил кунад, бояд дар болои 2 млн. гулҳо  нишинад.

-Ранги хуни сӯзанак сафед аст.

-Дар 4000 соли охир ягон ҳайвони нав хонагӣ карда нашудааст.

-Пингвинҳо ба баландии беш аз якуним метр меҷаҳанд.

-Ягона ҳайвони хонагие, ки дар Таврот ёдоварӣ нашудааст, гурба аст.

-Шимпанзе ягона ҳайвонест, ки худро дар оина мешиносад.

-Калимаи «Орангутанг» дар забони баъзе халқҳои Африқо маънои «одам аз ҷангал»-ро  дорад.

-Филҳо ва одамон ягона ширхӯрҳоеанд, ки бо сар истода метавонанд.

-Тимсоҳҳо сангро фурӯ мебаранд, то ин ки ба қаъри об чуқуртар шино кунанд.

-Хирсҳои қутбӣ бо суръати то 40 км/с давида метавонанд.

-Сагҳо оринҷ доранд.

-Сарояндаи Ник Кейв бо дум таваллуд шудааст.

-Шекспир ва Сервантес (муаллифи асари «Дон Кихот») дар як рӯз 23 апрели соли 1616 таваллуд шудаанд.

-Нависандазани инглис Вирҷиния Вулф аксарияти китобҳои худро рост истода навиштааст.

-Сара Бернар роли Ҷулйеттаи 13 соларо  дар сини 70 солагӣ бозидааст.

-Вақте Уолт Дисней хурдакак буд, чуғз (бум, бо рӯсӣ — сова)-ро азоб медод. Аз ҳамон вақт сар карда ӯ ният кард, ки ҳайвонҳоро дар филмҳои тасвирӣ эҳё кунад.

-Бетховен боре барои оворагардӣ ҳабс шуда буд.

-Вақте Эйнштейн вафот кард, охирин калимаҳои талаффузкардааш ҳамроҳи ӯ нобуд шуданд: зане, ки ӯро нигоҳубин мекард, забони немисиро намедонист.

-Юлий Сезар дар сар тоҷ гирифта мегашт, то ин ки сари акнун кал шудаистодаро пинҳон  кунад.

-Ҷорҷ Вашингтон дар боғи худ марихуан парвариш мекард.

-Ихтирочии телефон Александр Грэхем Белл ягон маротиба ба модар ва зани худ занг  назадааст, чунки онҳо кар буданд.

-Патрики Муқаддас, сарпарасти ирландиҳо, худ ирландӣ набуд.

-Леонардо да Винчи соати зангӯладоре (будильник) ихтироъ намуд, ки пои одамро мемолид.

-Наполеон аз гурба метарсид.

-Бинӣ дар тамоми умри одам  инкишоф меёбад.

-Юнониҳои қадим чунин ақида  доштанд, ки бачаҳо дар тарафи рости шикам, духтарҳо  бошанд – дар  тарафи   чап инкишоф  меёбанд.

-Риши малла нисбат ба сиёҳ тезтар мерӯяд.

-Дар асри XV чунин меҳисобиданд, ки ранги сурх хусусияти табобатиро дорад. Беморҳо либоси сурх мепӯшиданд, дар атрофии худ чизҳои рангаш сурхро мегузоштанд.

-Вақте шумо сурх мешавед, меъдаатон ҳам сурх мешавад.

-80 фоизи гармии бадани одам аз сар баромада меравад.

-Мушакҳои одам нисбат ба мушакҳои кирмак камтар аст.

-Аксарияти одамон баъди 60 солагӣ 50 фоизи ҳисси таъмро гум мекунанд.

-Дандон – ягона узви инсон аст, ки қобилияти худбарқароршавандаро дорад.

-Мағзи сар 80 фоиз аз об иборат аст.

-Дар бадани як одам он миқдор организми зинда сокин аст, ки аз миқдори тамоми одамони  рӯи замин зиёдтар аст.

-Як мӯй то3 кгвазнро тоб меорад.

-Дандонҳои тӯқумшуллуқ  дар забонаш ҷойгир аст.

-Кирми аз ҳама  дарозтарин – линеуси дарозтарин то 15 метр дарозӣ дошта, дар соҳилҳои аврупоии Атлантика умр ба сар мебарад.

-Забони кити кабуд то 4 тонна вазн дорад. Баробари як фили калон!

-Китҳо метавонанд ду соат нафас накашанд.

-Каждум метавонад ду сол ҳеҷ чиз нахӯрад, кана бошад – 10 сол!

-Гург он қадар даррандае нест, ки мо гумон мекунем. Он метавонад бо истеъмоли   қурбоққа, ҳашарот, ҳосили майдонҳои киштзор ва ҳатто решаҳои дарахт қаноат кунад.

-Дар Бразилия шапалакҳое ҳастанд, ки бӯйи пурқуввате мебароранд, аз ин рӯ онҳоро дар хона нигоҳ медоранд, то ин ки ҳаворо хуш гардонад.

-Заррофа ҳангоми аз дарранда гурехтан то 50 км/с медавад.

-Яке аз ҳашароти қадимтарини сайёраи мо пашшаи муқаррарӣ ба шумор меравад, ки  мувофиқи баҳои олимон сину соли боқимондаи устухони ёфтшудаи он миллионҳо солро ташкил медиҳад.

-Дар  Африқо ва Амрико чунин як намуди бо ном мӯрчаҳои ҷанговар мавҷуд аст, ки онҳо  дар сари роҳашон ҳамаи мавҷудоти зиндаро нобуд месозанд. Аз онҳо ҳатто шерҳо мегурезанд.

-Миқдори зоғҳо дар тӯдае, ки зимистон дар ягон майдони ҷангал барои шабгузаронӣ ҷамъ меоянд, то 200-300 ҳазор мерасад.

-Филҳои мода гӯшҳояшонро шараққос занонда бо ин роҳ  фарзандони худро ҷамъ меоранд. Харгӯш бо пойҳояш ба замин кӯфта аз хатар огоҳ мекунад.

-Сангпуштҳои калони баҳрӣ забони делфинҳоро мефаҳманд. Барои гузоштани тухм ба соҳилҳои ҷазираҳои Никобарили уқёнуси Ҳинд шино намуда, сангпуштҳо якбора ба соҳил  намебароянд, балки хабари махсусро аз делфинҳо интизор мешаванд. Агар шароит мусоид бошад (душман набошад, ҳаво хуб бошад ва ғ.) делфинҳо бо ёрии садои махсус ба сангпуштҳо  мефаҳмонанд, ки ба соҳил ҳаракат кардан мумкин аст.

-Дар ИМА барои ошкор намудани ихроҷи газ каргасро, ки қувваи фавқулоддаи шомма дорад, ҷалб менамоянд. Барои ин лозим меояд, дар таркиби гази табиӣ моддаеро, ки бӯи гӯшти  вайроншударо дорад, илова кунанд.

-Саги аз ҳама вазнин сенбернар мебошад. Он  дар панҷсолагӣ 140 килограмм вазн дорад.

-Ғизои асосии мори заҳрдори аз ҳама калонтарин – куброи шоҳӣ – ин морҳои дигар, аз он ҷумла ҳамқавми худаш аст.

-Дар Аврупои асримиёнагӣ қундузро моҳӣ ҳисобида ба гӯшти он баҳои баланд медоданд.

-Агар ғизои бутимор (фламинго) кам бошад, қанотҳои он хокистарранг мегардад. Дар озодӣ бутимор креветка (харчанги хурди баҳрӣ) ва набототҳои обии хурдро, ки дар таркибаш моддаи  махсуси  рангкунанда – каротин дорад, истеъмол менамояд.

Манбаъ: https://ganjinatj.wordpress.com

Related Articles

Leave a Comment