Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОҶАРОИ ЗИНДАГӢ

МОҶАРОИ ЗИНДАГӢ

by admin
271 views

Дар солҳои 1992-1997 дар ҷумҳирии азизи мо ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ омад. Он вақтҳо зиндагии мардум бисёр вазнин буд. Одамон зиндагиашонро базӯр пеш мебурданд. Мехоҳам дар бораи оилае, ки пур аз моҷаро ва фоҷеаҳо буд, нақл кунам.

Ман аз худ калон се бародар доштам. Бародаронам ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ба кор мебаромаданд, то қути лоямуте дарёбанд. Деҳаи мо на онқадар калон аст. Аз ҳамин рӯ, ҳамагӣ дар бораи вазъи зиндагии мо медонистанд. Зиндагӣ дар назарам ҳамеша якранг буд. Новобаста аз он, ки хурдсол будам, ҳолати бародаронамро дида, манзараи нохуби зиндагиро дарк мекардам. Яке аз мардони сарватманди деҳа, ки номаш Абдусалом буд, рӯзе ба хонаамон меҳмон шуд. Модарам дарҳол дастархони хоксоронаамонро оварда, хостанд меҳмондорӣ кунанд. Аммо акаи Абдусалом нагузоштанд, иброз доштанд, ки вақти хело кам доранд ва барои кори заруре омадаанд. Модарам ба рӯи дастурхон чои гарм ва нон гузоштанд ва хостанд, ки ягон таъоме омода созанд, вале Абдусалом-ако боз ҳам изҳор доштанд, ки ташвиш накашед, ман хело вақти кам дорам. Ман хоҳиш дорам писари калонии шумо Меҳробро ба кор гирам, агар шумо зид набошед. Ман дар саҳро рамаи калон дорам, ки ададаш ба ҳазор мерасад. Аз ин рӯ, ба рамабон ниёз дорам. Ҳарчанд кофтам, аммо аз Меҳроб дида беҳтар касеро наёфтам, агар розӣ бошед, писаратонро ҳамчун рамабон ба кор қабул кунам ва маблағи хуби моҳона барояш муайян мекунам.

Модарам гуфт:

— Акаи Абдусалом, ман ҳозир ҳеҷ чиз гуфта наметавонам, шароити зиндагиамон ҳам он қадар хуб нест, вале ин маънои онро надорад, ки фарзандонамонро ба коре маҷбур созем. Падарашон саломатиаш хело бад аст, дар ҷое кор карда наметавонад, танҳо имрӯз аз хона баромадааст. Бегоҳ, ки ба хона омад, дар ягҷоягӣ бо фарзандон маслиҳат хоҳем кард.

Ҳамин тавр, меҳмонро модарам гусел кард. Шаб падарам ба хона баргаштанд, ҳама бо аҳли оила ба сари дастурхон ҷамъ шудем, модарам дарҳол омадани Абдусалом-акаро ба падарам фаҳмониданд. Бародарам Меҳроб инро шунида, хеле хушҳол шуданд ва боисрор аз пдарам талаб карданд, ки розигӣ диҳад, то саҳар ба кор, яъне рамабонӣ равад. Ҳамин тавр, падарам розигӣ дода, ман бо бародаронам гӯё кадом як иде бошад хурсандона ба ҷойгаҳи хоб рафтем.

Субҳи барвақт бародарам Меҳроб аз хоб хеста, ба як рӯҳи болида ба кор раҳсипор шуд. Мо аҳли оила хеле хурсанд будем, аммо афсус, ки ин хушҳолӣ он қадар давом накард. Оҳ! Мехоҳам қиссаро атрофи ҳамин суханҳо бипардозам ва дигар идомае надиҳам. Чунки забонам намегардад, дастонам меларзанд, ашки чашмонам авроқи сапедро ғамзада мекунад.

Бародари калониам бо тавсияи акаи Абдусалом аз паси рамаи гусфанд ба тарафи чарогоҳи дурдаст меравад. Шабе ба рамаи гусфандон хирс ҳамла мекунад. Бародарам аз ин ҳолат даракдор шуда, бо ҳамроҳонаш ва сагҳои рама ба хирс дармеафтанд. Ҳолати хирс ба танг омада, ба дигар тараф мегурезад. Падару модарам дар бистари беморӣ меафтад. Ман он замонҳо 5-сола будам, медидам, ки акаҳоям чи хел азоб мекашиданд. Амакам гоҳ-гоҳ ба хабаргирии падарам меомад, дилбардорӣ мекард. Ин оилаи пурмоҷарои ман буд. Ман намедонам дар бораи кадом воқеа ба шумо нақл кунам ё дар бораи акаҳоям, ки хамаашон дар як муддати кӯтоҳ ҷонашонро аз даст додаанд. Вақте бародарам Меҳроб ба чарондани гову гӯсфандон мераванд, ман ҳамроҳаш рафта бозӣ мекардам. Ман ончунон ӯро дӯст медоштам, ки ба забон гуфта намешавад. Вақте акаам бармегашт хонаҳоро рӯбучин мекард. Вақти баҳор мешуд, дигар ба хона намеомад, модарам бошад фикри онҳоро мекард. Модарам ҳеҷ гоҳ намехост, ки акаам худаш танҳо равад, метарсид, вале чӣ илоҷ? Зиндагӣ маҷбур карда буд.

Бародарам Меҳробро вақти чарондани рамаи гӯсфандон хобаш мебарад. Чун бедор мешавад, мебинад, ки рама чарида истодааст, вале хело пароканда. Мехоҳад гӯсфндонро ҷамъ биорад. Чун ба сӯи гӯсфандон меравад, мебинад, ки аллакай чанд саршумор ҳалок шудааст. Аз тарси он, ки ба акаи Абдусалом чӣ гуна шарҳ медиҳад, мехохад он гӯсфандонро гираду ба хона баргардад. Ногаҳон пойаш мелағжад ва ба замин афтода, ба харсанги калон сараш бархӯрда дар ҳамон ҷо ҷонашро аз даст медиҳад.

Баъди ду ҳафта акаи Абдусалом ба он ҷо меравад ва мебинад, ки рамаи гӯсфандонаш нест. Ҳайрон мешавад ва ба он ҷарӣ рафта мебинад, ки акаи Меҳробам дар замин хоб аст, замин пур аз хун ва ҳашаротҳои зиёд аст, пӯсти акаамро мӯрчаҳо шикоф карда буданд. Ин дахшатноктарин марг аст. Ҷасад аллакай бӯй гирифта буд. Акаи Абдусалом акаамро дар он ҷо гур мекунад, худаш танҳо ғамгин бармегардад ва вақте ба хона меояд, занаш мепурсад, ки чаро ғамгинӣ? Дар ҷавоб мегӯяд, ки подабонамон ба ҷарие афтода мурдааст.

Шаҳноза САБЗАЛИЕВА,

донишҷӯи соли 2-юми

факултети молиявию иқтисодӣ

Related Articles

Leave a Comment