Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ИФТИХОРИ МО ЗАБОНИ ТОҶИКИСТ!

ИФТИХОРИ МО ЗАБОНИ ТОҶИКИСТ!

by admin
506 views

Забон барои ҳар як халқу миллат волотарин ва қиматтарин муқаддасот ба ҳисоб меравад. Алалхусус, барои мо халқи тоҷик, чунки ин забони Рӯдакию Хайём, Синову Фирдавсӣ, Айниву Турсунзода ва дигар шоирону адибони бузурги тоҷик мебошад. Мо аз вақти ба дунё омаданамон аз забони фариштаи ҳаёт, яъне модарамон суруди алларо бо забони тоҷикӣ шунидаем.

Ӯ аввалин калимаро бо забони тоҷикӣ ба мо омӯзонид, аввалин суханамон калимаи «модар» бо забони тоҷикӣ буд, яъне забони модарии мо забони тоҷикӣ аст ва бешубҳа мо тоҷикем ва бо забони хеш ифтихор дорем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки «Барои нест намудани як миллату давлат кифоя аст, ки забон ва фарҳанги онро нобуд созӣ.»

Боиси таассуф аст, ки баъзе аз мардуми мо тақлид ба забонҳои хориҷӣ намуда, ҳангоми гуфтугӯ бо ҳамдигар бо забони русӣ ва ё англисӣ сухан мегӯянд. Албатта, забондонӣ бисёр хуб буда, омили пешравии ҷомеа мебошад. Агар ба дигар миллатҳо назар афканем, мебинем, ки ягон миллат аз забони тоҷикӣ дар муоширати ҳамдигар истифода намесозад. Пас, чаро мо ба ин хатогӣ роҳ медиҳем? Магар ин паст задани шарафу эътибори миллат ва забони модариамон нест?

Забон ҳастии миллат аст, пас чаро мо бо тақлидкории хеш забон ва фарҳанги хешро нобуд месозем? Забонҳои хориҷиро донистан ва дар ҷойи худаш истифода намудан беҳтар аст.

Шабнам ПУЛОДЗОДА,

донишҷӯи соли 1-уми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment