Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ИНСОН ИРОДАРО ВА ИРОДА ИНСОНРО…

ИНСОН ИРОДАРО ВА ИРОДА ИНСОНРО…

by admin
605 views

Инсон намудҳои гуногуни фаъолиятро иҷро менамояд, вале дар аксари ҳол рафти расидан ба мақсад бо бартараф намудани душвориву монеаҳо алоқаманд аст ва барои ин амалҳои иродавӣ заруранд. Инсон танҳо тавассути кӯшишҳои иродавӣ онҳоро бартараф карда метавонад. Пас, чунин савол ба миён меояд:

Ирода чист?

Ирода ин протсесси психикии ба таври шуурона ирода намудани фаъолият мебошад, дар бартараф намудани душворию монеаҳо ҳангоми расидан ба мақсад ифода меёбад. Яъне, ирода як тарафи шуур ва ақлу хиради инсонро ифода мекунад ва танҳо ба худи инсон ва амалҳои иродавии ӯ хос аст. Фаолияти иродавӣ ҳамеша аз амалҳои иродавӣ иборат аст. Сабабҳои пайдоиши амалҳои иродавиро ҳанӯз Сеченов. И.М. қайд карда буд, ки ҳамаи ҳаракатҳои бошуурона, ки одатан ихтиёрӣ меномем, моҳиятан инъикос шуда метавонад. Донишҷӯ кӯшиши ба даст овардани онро мекунад. Ӯ ба дӯкони китобфурӯшӣ меравад ва медонад, ки дар он шӯъбаи лавозимоти конселиярӣ мавҷуд асту аз он дафтари зарӯриро харида метавонад.

Маликаи ФАЙЗАЛӢ,

донишҷӯи соли 2-юми

факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment