Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО

ЯКЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО

by admin
202 views

Агар имрӯз шумо кореро интихоб кардан хоҳед, пас кушиш кунед дар коратон яке аз беҳтаринҳо бошед. Яке аз сабабҳои нокомии инсон интихоби нодурусти касб ва тахассус аст. Шахсе, ки пешаи худро дӯст намедорад, ҳаргиз дар он муваффақ намешавад. Интихоби дуруст шахсро дар кораш комёб мегардонад. Танҳо боварӣ ва дӯстдорӣ метавонад моро дар корамон сарбаланд гардонад. Мисоли ин шуда метавонад Адолф Даслер.

Адолф Даслер 3-юми ноябри соли 1900 дар шаҳри Герсогенаурахи Олмон дар оилаи камбизоат ба дунё омадааст. Падари Адолф нонпаз буд. Оҳиста-оҳиста зиндагиаашон душвор гашт ва Адолф, ки ӯро бо тахаллуси Ади ном мебурданд, ба пойафзолдӯзӣ машғул гашт. Баъдтар ҳамаи оила ба ин кор ҳамроҳ шуданд ва зиндагиаашон хеле хуб гашт. Дар муддати на он қадар вақт Ади ҳамчун пойафзолдӯзи моҳир машҳур гашт ва дар ин кор ҳамто надошт. Баъди чор сол корхонае бо номи «Даслер» кушоданд. Соли 1925 барои Ади соли бобарор буд, чунки вай аввалин шуда, пойафзоли варзишии бутсиро баровард. Ин пояфзоли варзишӣ дар муддати начандон вақти зиёд машҳур гашт. Соли 1932 дар Олмон мусобиқае шуда гузашт, ки бисёре аз варзишгарон бо пойафзолҳои ҳамин корхона иштирок карданд. Ин сабаби он гашт, ки корхона ҳамон сол 400 ҳазор доллар фоида гирад ва заминаи пайдоиши корхонаи нав бо номи «АДИДАС» гардад.

Хонандаи азиз! Ҳар яки моро мебояд мисли ҳамин писарак Ади кореро интихоб намоем ва барои дар сатҳи аъло иҷро шуданаш кӯшиш намоем. Медонед пул ба осонӣ ба даст намеояд, ғалаба ба осонӣ ба даст намеояд, комёбии осон низ вуҷуд надорад. Чунон ки мебинем, бисёриҳо ба пойафзолдӯзӣ машғуланд, вале на ҳамаи онҳо беҳтаринанд, бисёриҳо донишҷӯянд, вале на ҳамаи онҳо беҳтарин донишҷӯёнанд. Хулоса, касберо интихоб намоед ва дар он яке аз беҳтарин бошед!

Шарифхон АЗИЗХОҶАЕВ,

донишҷӯи соли 3-юми факултети иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment