Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ЧАРО ҶАВОНОН АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ САРКАШӢ МЕКУНАНД?

ЧАРО ҶАВОНОН АЗ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ САРКАШӢ МЕКУНАНД?

by admin
308 views

Дар шароити осоиштаи мамлакати мо сафи артиш ягона ҷое мебошад барои озмоиши ҷавонон, ки то кадом андоза ҷасуру матиниродаанд. Пас, ҷавонони азиз, биравед ба сафи артиш ва барои волидайн ва пайвандони дигару дӯстдоштаҳоятон исбот созед, ки ба чӣ қодиред.

Ҳифзи ватан ва ҳимояи якпорчагии он вазифаи ҷавонони ғаюру ҷоннисори меҳан ба шумор меравад. Ҳамасола аз аввалли моҳи апрел даъвати баҳории ҷавонони синни даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар оғоз мегардад. Адо намудани хизмати Модар-Ватан барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус ва иродатманди мамлакат шарт ва зарур мебошад. Аз чӣ бошад, ки бештари ҷавонон аз хизмат саркашӣ намудаанд. Бо фарорасии айёми даъвати ҳарбӣ қисме аз ҷавонон дар хонаҳояшон пинҳон шуда, ҳатто ба хотири нарафтан ба хизмати ҳарбӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераван. Баъзе аз ҷавонон худро касдан касал нишон дода, аз хизмат саркашӣ мекунанд. Шояд сабаби нарафтани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шароити пасти хизмат, зулму ситами рутбадорон, латукӯб гаштани ҷавонон аз ҷониби «дембел»-ҳо ва ё ин ки ба талабот ҷавобгӣ набудани шароити пасти зиндагии онҳо мебошад. Дар ҳоли ҳозир дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон маъракаи сафарбарнамоии ҷавонон рӯйи кор аст. Дар ин маврид назари чанде аз шаҳрвандонро пурсон шудем, ки ақидаҳои худро чунин баён намуданд.

Қурбонов Кароматулло, донишҷӯи соли 3-юми факултети химия ва биология: «Ман ҳоло дар сафи донишҷӯён қарор дорам ва дар назди худ мақсад гузоштам, ки баъд аз хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафта, хизмати ватанро адо менамоям. Ҳифзу марзу буми Ватан вазифаи аввалиндараҷаи ҳар ҷавонмард мебошад. Инчунин, аз кулли ҷавонон даъват ба амал меорам, ки аз шомил шудан ба сафи Артиши миллӣ саркашӣ накунанд, чун он ҷо майдони ҷасорату санҷиши мардонагист».

Саёҳат, донишҷӯи ДДК: «Ман дар оянда бо нафаре оиладор мешавам, ки ба хизмати ҳарбӣ рафта бошад. Хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар як нафарро талаб менамояд. Ҷавоне, ки ба хизмати ҳарбӣ рафта бошад, ба ҳама пастию баландии ҳаёт обутоб ёфта, дар зиндагӣ сабуриро пеш мебарад ва барои писарҳо хизмат мактаби мардонагист».

Мавҷуда, ки се фарзандаш аз ин мактаби мардонагӣ гузаштааст, чунин ибрози андеша намуд: «Дар ҳақиқат, барои тинҷиву оромии кишвар мехоҳем фарзандонамон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматро адо намуда, ҳимоятгари Модар — Ватани худ бошанд. Ман худам се фарзандамро барои хизмат ба Ватан сафарбар намудам, ки имрӯз бо сари баланд баргашта, дар ҷомеа кор ва фаъолият доранд».

Хонандаи азиз, хизмат ба халқу Ватан вазифаи ҷонии ҳар як шахси ватандӯст ва ватанпарвар мебошад, ҳар яки мо вазифадорем, ки меҳани худро аз душманону бадхоҳони миллат бо арзиши ҷонамон бошад ҳам ҳифз намоем. Ҳар як нафари мо бояд дарк намоем, ки сабаби ин ҳама тинҷиву осудагӣ ва барои шаб осуда хоб рафтанамон ин шабзиндадории сарбозон мебошад. Онҳо ҳам писар, шавҳар, падар ё бародари касе ҳастанд. Пас, аз ҳар ҷавонмарди шуҷои ватан даъват ба амал меорем, ки ба сафи артиш шомил шуда, баҳри ҳимояи кишвари хеш камари ҳимат банданд.

Шабнам АБДУЛЛОЕВА,

донишҷӯи соли 3-юми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment