Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ТАРБИЯ — ОМИЛИ ХУШБАХТИИ ИНСОН

ТАРБИЯ — ОМИЛИ ХУШБАХТИИ ИНСОН

by admin
292 views

 

Тарбия яке аз қиматтарин гавҳаре мебошад, ки барои инсонҳо хеле зарур аст. Бинобар ин, ҳар яки мо волидайну омӯзгорон ва ҷомеаро зарур аст, ки тарбияи фарзандонро дуруст ба роҳ монем.

Мутаассифона, бархе аз падару модарон, омӯзгорон ва худи ҷомеа ба таълиму тарбияи фарзандон кам аҳамият медиҳанд. Бинобар ин, қабул шудани қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” як таконе бахшид барои таълиму тарбияи фарзанд, хусусан бархе аз инсонҳое, ки бетаваҷуҳӣ зоҳир мекарданд. Ҳоло ин қонун меъёрҳоеро пешбинӣ менамояд, ки ба ҳифзу манфиатҳои кӯдакон ва баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд равона карда шудааст. Дар моддаи 34–уми Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки “Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлату ҳукумат қарор доранд, падару модар барои тарбияи фарзанд масъуланд”.

Дар ҳақиқат, ҳар як падару модар, омӯзгорон ва ҷомеаро вазифадор менамояд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати махсус диҳанд. Амалишавии ин қонун аз ҳар яке мо шаҳрвандон вобастагӣ дорад. Ба ин маънӣ пайғамбари ислом мефармоянд: “Фарзандони худро эҳтиром кунед ва ба онҳо бо одобу рафтори нек бархӯрд намоед, ба фарзанди худ дар анҷоми некӣ ва ҳашр ёрӣ расонед”.

Мутаасифона, коста будани тарбияи баъзе аз фарзандон мушоҳида карда мешавад, ки хеле ташвишовар мебошад. Коста гардидани ахлоқи қисме аз наврасону ҷавонон, ҷалб гардидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ, равияҳои бегона ва ба ҷинояту дуздӣ даст задани онҳо, пеш аз ҳама бемасъулияти бархе аз падару модарон мебошад. Ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш набояд кард, ки таълиму тарбияи фарзанд аз ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Дар ин маврид ҳикмату андарзҳои шоирону нависандагон хеле зиёд мебошад, мегӯянд “Фарзандони худро ҳунар ва илм биомӯзед ва онҳоро чунон тарбия намоед, ки оқибат ашки ғам аз дидаҳои пурумеди мо нарезад”.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст ва баъзе падарону модарон ба ин масъалаи ҳаётан муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд, ки хеле ҳолатҳои ногуворро ба бор меорад. Аз ин рӯ, мо падарону модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеъаро зарур аст, ки сари ин масъала диққати махсус диҳем, ки фарзандони мо ба роҳи рост қадам гузоранд ва ба қӯллаҳои баланди инсонӣ расанд.

Бобошо ШАРИФОВ,

донишҷӯи соли 3-юми

факултаи физика ва математика

Related Articles

Leave a Comment