Home ХАБАР ТАШРИФИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ДОНИШГОҲ

ТАШРИФИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ДОНИШГОҲ

by admin
229 views

Санаи 12-уми феврал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни сафарашон ба шаҳри Кӯлоб аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази фарҳангӣ фароғатӣ дар Ҷамоати деҳоти «Зарбдор» дидан намуда, дар маросими кишти картошка дар кооперетиви истеҳсолии «Хатлон» иштирок намуд.

Инчунин, раиси вилоят ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварда, Маркази илмии «Ҳамадонишиносӣ» ва китобхонаро дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика фаъолияташонро оғоз бахшид. Сипас, бо аъзои Шӯрои олимони донишгоҳ суҳбат ороста, перомуни Паём ва илму маориф суҳбат намуд.

Баъдан, дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯрии раиси вилоят бо фаъолони шаҳру деҳоти Кӯлоб баргузор гардид.

Раиси вилоят ҳамчунин ба аёдати собиқадори меҳнат Бозор Эргашев рафт.

Related Articles

Leave a Comment