Home ХАБАР ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

by admin
165 views
ПАЁМИ
табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои педагогика, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамкасбон ва шогирдони азиз!
Инак, соли 13-ум аст, ки 24 ноябр ҳамчун Рӯзи қабули Парчами давлатӣ дар саросари кишвар бо ифтихороту тантанаҳои ҷашнӣ таҷлил мешавад. Дар ин росто, сараввал, мехоҳам ҳамаи шуморо ба муносибати ин ҷашни муҳимми милливу давлатӣ таҳният гуфта, бароятон тансиҳатӣ, комгориҳо ва фаъолияти пурсамару шарафмандона баҳри ободиву шукуфоии рӯзафзуни Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз таманно намоям.
Парчам, байрақ, ливо, дирафш, пеш аз ҳама, рамзи худогоҳӣ, хештаншиносӣ, дарку ҳифзи арзишҳои миллии ҳазорсолаҳо шаклгирифта ва бо боварии комил эълон намудани ҳуқуқи маънавии хеш баҳри соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини як сарзамин ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонаҳои муҳимму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлоли давлатӣ инъикос меёбанд.
Парчами давлатӣ барои мардуми шарифи тоҷик нишонаи бақои миллат, якпорчагии давлат, ваҳдату ягонагӣ ва василаи тарбияи наслҳои оянда дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон маҳсуб меёбад. Ин муқаддасоти миллӣ бо тобиши се ранг: ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон мавҷудияти таммаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақим ва ормонҳои ватанхоҳиву каҳрамониҳои фарзандони фарзонаи сарзамини моро таъкид менамояд.
Чунончӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Рӯзи Парчами давлатӣ баёнгари ҳаққи мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи миллат ба сӯйи ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад.
Гузаштагони мо дар парчам рангҳои сурх, зард, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи ойини ҷавонмардиву тавонмандӣ истифода менамуданд. Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, парчами ӯ рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо алайҳи зулму истибдод ва баҳри истиқлолу озодӣ мебошад. Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост. Ниёкони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти Парчами хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати қабули рамзҳои давлатдорӣ ба миён омада, бо ин мақсад аз 28 июни соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Дар ин росто, озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба шаклу намуд ва мазмуну моҳияти рамзҳои давлатӣ эълон гардида, барои натиҷагирӣ аз кори озмун комиссияи махсусе бо роҳбарии Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ таъсис ёфт.
Баъди баҳсу мунозираҳои зиёд Парчами нави Тоҷикистони соҳибистиқлол бо инъикоси се ранг: сурху сафеду сабз ва дар маркази он акси тоҷ бо ҳафт ситора аз тарафи комиссияи зикршуда қабул шуда, дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар қатори Нишон ва Суруди миллӣ дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст. Тарзу усули истифодабарӣ ва тартиби ҳуқуқии муносибат бо Парчами давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 12 майи соли 2007 пешбинӣ шудааст.
Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати афзудани ҳисси эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ иқдом гирифта шуд, ки рӯзи 24 ноябр ҳамасола чун «Иди Парчам» таҷлил карда шавад. Бо ин мақсад Презденти мамлакат моҳи ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ, лоиҳаи қонунро оид ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод намуд. Ҳамин тариқ, тавассути ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19 ноябри соли 2009 минбаъд рӯзи 24 ноябр ҳамчун рӯзи «Иди Парчам» муқаррар гардид. Санаи 30 августи соли 2011 бошад дар маркази шаҳри Душанбе манораи 165-метраи Парчами Тоҷикистон бо матои паҳноияш 30 метр ва дарозиаш 60 метр қомат афрохт, ки ҳамчун баландатирин манораи парчам дар олам ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардид.
Давлатҳои ҷаҳонро маҳз тавассути парчами онҳо эътироф мекунанд, зеро ин рамзи давлатдорӣ муаррифгари давлатҳои соҳибистиқлол дар арсаи олам мебошад. Чунончи мушоҳида мешавад, дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалии варзишӣ ба ифтихори азму талоши фарзандони бонангу номуси миллат, аз ҷумла ҷавонони ватандӯсти мо мунтазам Парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта мешавад, ки боиси сарбаландии мо ва афзоиши обрӯву эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Қабули Парчами давлатӣ ба таҳкими ҳисси баланди миллӣ, сатҳи худшиносиву худогоҳии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд. Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ – замоне ки мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намудем, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши меҳварӣ бозид.
Парчам чун рамзи нангу номуси ватандорӣ ва азму иродаи ҷавонмардона дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди бедордили кишвар барафрозад ва миллатро ба сӯйи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ кунад.
Бигзор, ба бахти миллати тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҷассумгари қаҳрамониҳои халқи тоҷик, таҳкимбахши ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси давлатдорӣ ва муҳаббату садоқат ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон ва роҳнамои наслҳо бошад!

Related Articles

Leave a Comment