Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ СОҲИБКОРӢ — ПАДИДАИ ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

СОҲИБКОРӢ — ПАДИДАИ ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

by admin
186 views

Соҳибкорӣ ҳамчун падидаи нав дар шароити соҳибистиқлолии кишвари азомон марҳила ба марҳила рушд намуда истодааст. Нақши соҳибкорони ватанӣ дар рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёти миллӣ бараъло мушоҳида гардида, зери диққати бевоситаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Чи гунае ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бармеояд, дар соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.

Танҳо дар соли 2020 соҳибкорони бонангу номуси мо 300 адад коргоҳҳою корхонаҳои саноатиро бунёд намудаанд, ки ин гувоҳи рушду пешрафти иқтисодиёти кишварамон мебошад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар баробари ин ҳама дастгириҳо соҳибкорони ватанӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда, дар ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ саҳми назарраси худро мегузоранд.

Шамшед АБДДУЛОЕВ,

донишҷӯи соли 1-уми факултети иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment