Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОДАР, ТУ БЕҲТАРИНӢ!

МОДАР, ТУ БЕҲТАРИНӢ!

by admin
382 views

Модар олиҳаи ҳастӣ, қиматбаҳотарин шахси арзанда дар олам аст. Модар нури хонадонест, ки агар ин нур хомӯш гардад, ҳамаи ҷою макони мо торику сард мегардад. Ҳастии ман бо ту ҳаст модарҷон.

Модар зане ҳаст, ки меҳрубон, мушфиқу ғамхор ва роҳкушои дили мо фарзандон. Мо фарзандон ҳазор шабу рӯз баҳри модар хизмат намоем, боз ҳам кам аст. Ҳамон як шабе, ки модар ранҷ кашидааст, мо вайро бароварда наметавонем. Модар вақте моро ба дунё меорад, ҳама ҳушу фикраш дар мо фарзандон аст. Шабҳо нохуфта, сари гаҳвораи мо менишинад ва бо аллаҳои зебояш моро ба хоби ноз мебарад. Ҳурмату эҳтироми модарро ба ҷо биёред, қадру қимати модарро донед, ҳамеша кӯшиш кунед, дили модарро наранҷонед, то дар зиндагӣ ба ғаму ғусса гирифтор нашавед.

      Мо фарзандон бояд доимо ба суханҳои модар гӯш намоем ва ба модар суханҳои қабеҳ нагӯем. Ҳар чи ки модар гӯяд, вайро ба ҷо орем. Бузургони мо баҳри модар шеърҳо, қиссаҳо эҷод кардаанд: Кӯдаке аз модараш пурсид:

-Агар биҳишт аз туст, чаро онро дар дастонат нагирифтӣ, балки зери по гузоштӣ?

Модараш посух дод:

-Онро дар замин гузоштам, то туро дар  оғӯшам гирам.

Фараҳноз ҚУРБОНОВА,

донишҷӯи соли 2-юми факултети

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment