Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ХАЙР МАКТАБ! САЛОМ ДОНИШГОҲ!

ХАЙР МАКТАБ! САЛОМ ДОНИШГОҲ!

by admin
427 views

Навқалам

Занги охир мекунад моро кунун аз ҳам ҷудо,   

Мекунем мо бар дабистони азиз гӯё видоъ.                       

Ёздаҳ соле, ки бо ҳам доштем айшу сафо,

Оқибат, ки мешавем, эй дустон аз ҳам ҷудо.

Ёздаҳ соле, ки бо ҳам болу пар будем мо,

Мисли фарзандони як падар-модар будем мо.

Ранҷа додем устодони азизро ҳар қадар,

Заҳмати бисёр кашиданд аз барои мо дигар.

Болу пар бикшода инак дар раҳи сулҳу субот,

Мекунем парвоз акнун сӯи шоҳроҳи ҳаёт.

Хайр, эй дӯстон, азизон аҳли дониш хайр бод!

Зи макони маърифат, чашми дониш хайр бод!

Хайр мактаб, мизу курсӣ, доскаю синфхонаҳо,

Ассалом, коллеҷу донишгоҳу донишкадаҳо.

Ганҷина МИРЗОВАЛИЗОДА,

донишҷӯи соли 1-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment