Home ХАБАР ҚАҲРАМОНОНИ ҶАВОНИ ШОҲМОТИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ҶАВОНИ ШОҲМОТИ ТОҶИКИСТОН

by admin
178 views

Тӯли 9 рӯз, ки дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони Тоҷикистон идома кард, ба анҷом расид.

Қайд намудан ба маврид аст, ки мусобиқа дар ҳафт гурӯҳ сурат гирифт. Дар рақобатҳо беш аз 60 шатранҷбози синнашон аз 8 то 20-сола аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти кишвар иштирок намуданд. Дар сабқати шатранҷбозони то 20-сола Моҳираи Ҷӯрахон, омӯзгори факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Хатлон) миёни духтарон ва Самандари Мирзоалӣ (Душанбе) байни навҷавонон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар гурӯҳҳои дигар Шукронаи Саидҷаъфар (Хатлон, 8-солаҳо), Шукрона Қурбонова (Хатлон, 10-солаҳо), Муҳаррама Ҷонузоқова (Душанбе, 12-солаҳо), Мутрибаи Илҳом (Душанбе, 14-солаҳо), Сарвиноз Каримова (Душанбе, 16-солаҳо) ва Фотима Пирова (Хатлон, 18-солаҳо) миёни духтарон ғолиб шуданд. Дар сабқати писарон Анис Пӯлодӣ (Душанбе, 8-солаҳо), Синои Илҳом (Душанбе, 10-солаҳо), Эраҷ Насриддинов (Душанбе, 12-солаҳо), Алишер Каримов (Душанбе, 14-солаҳо), Султонхӯҷа Исҳоқов (Душанбе, 16-солаҳо), Дилшод Фатҳуллоев (Душанбе, 18-солаҳо) ҷойҳои аввалро касб карданд.»

Ғолибон бо медалу ифтихорномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи шоҳмоти кишвар ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз шуданд.

Қаҳрамонҳои ҷавони шоҳмоти Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо карданд, ки шарафи кишварро дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ҳифз кунанд.

Related Articles

Leave a Comment