Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

by admin
76 views

Санаи 13.05.2023 дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  бо ташаббуси маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия мизи мудаввар дар мавзуи «Истифодаи тахтаи электронӣ дар раванди таълим» баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар сардори маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва омор Зоиров Абдулманон, сардори маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия Кулобиев Мирзо, мутахассиси шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сулаймонов Убайдулло, мудири кафедраи методикаи таълими информатика, Сафаров Сайтоҷиддин,  ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, Кулобиев Мирзо ҷаласаи ифтитоҳиро оғоз намуда, қайд карданд «Истифодаи тахтаи интерактивӣ ба омӯзгор имконият медиҳад, ки вақти худро сарфакорона истифода барад, чунки ҳангоми истифодаи тахтаи интерактивӣ нисбат ба тахтаи муқаррарӣ сӣ фоизи вақт сарфа мегардад.»

Сипас, Зоиров Абдулманон дар мавзуи «Истифода аз «Whiteboard. V 30″ дар тахтаи электронӣ» ва Сулаймонов Убайдулло дар мавзуи «Истифодаи тахтаи электронӣ шукуҳ, ё воситаи таълим» маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment