Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ СОҲАИ САЙЁҲИРО БОЯД РУШД ДОД!

СОҲАИ САЙЁҲИРО БОЯД РУШД ДОД!

by admin
237 views

Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои болаёқат соли 2017 дар назди Ҳукумати Тоҷикистон сохтори алоҳида оид ба соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.

Кӯшиш мекунем, ки ҷаҳониёнро бо диёри бостонии худ — Тоҷикистон, ки бо табиати зебову дилрабояш таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб кардааст, боз ҳам аз наздик ва бо тамоми нозукиҳояш муаррифӣ намоем. Ҷои шубҳа нест, ки диёри мо бо кулу дарёҳои зебо, кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳор, гулу буттаҳо ва гиёҳҳои шифобахшаш дар дунё камназир мебошад. Бо назардошти ин ҳама зебоӣ бо итминони комил метавон гуфт, ки дар фурсати начандон дур шумораи сайёҳон ба кишвари маҳбуби мо беш аз пеш меафзоя.

Маҳмуд ТУРАЕВ,

магистранти соли 2-юми

ихтисоси 1-400101, ДТМИК

 

Related Articles

Leave a Comment