Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОДАР, ХУДРО СИПАРИ ФАРЗАНД КАРДӢ!

МОДАР, ХУДРО СИПАРИ ФАРЗАНД КАРДӢ!

by admin
68 views

Модар. Эй умеди дили ноумедон, эй ганҷинаи бебаҳо, эй офарандаи аҳли башар, эй фариштаи наҷот, эй чароғи хонадон, эй меҳрубонтарини меҳрубонҳо, эй хирадмандтарини хирадмандон, эй азизтарин офарандаи Худованд!

Зиҳӣ бо ин ҳама қудрату тавоноӣ! Оташи меҳрат тавониста, ки тифлатро аз тамоми сардиҳо нигаҳ дорад. Худро сипари фарзанд кардӣ, то ба ӯ осебе нарасад. Бо дастони нарм ва навозишкорат тавонистӣ, ки оташи меҳру шавқатро дар қалби фарзанд ҷой диҳӣ. Ту чароғи ҳар як хонадонӣ, агар набошӣ хона тангу торик аст. Нигине ҳастӣ, ки ангуштарин бе ту зиннате надорад, ай дармони дили дардмандон. Дар ин дунё аз ҳама ганҷи қимматтарин баҳри фарзанд туӣ.

Баҳри осуда хоб кардани тифлаш шабҳои дароз бехобӣ мекашад. Оромию осудагии тифл осудагии модар аст. Меҳри модар сарҳад надорад, беохир аст, ҳар лаҳза меафзояд. Ин меҳр аз барои фарзанд шуда хонаю хонумонро месӯзад.

Умеда ВАФОЕВА,

донишҷӯи соли 1-уми

факултаи филалогияи

тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment