Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО МУҲАББАТИ МОДАР

МУҲАББАТИ МОДАР

by admin
152 views

Маъмури давлатӣ дари хонаашонро тақ-тақ кард. Пиразан дарро боз намуд.

Маъмур пурсид: 

— Дар хона чанд нафар ҳастед? Шиносномаҳоятонро биёваред, то сабти ном кунам. 

Пиразан аз дарвоза берун баромад, ба охири кӯча нигоҳ кард ва бо чашмони пур аз ашк гуфт: 

— Агар имкон бошад, фардо биё ва саршумори хонаи моро ба фардо гузор.

Маъмур гуфт: 

— Модар, чӣ фарқе мекунад? Фардо ҳам мисли ҳамин рӯз аст. Дар як рӯз кам ё зиёд намешавед.

Пиразан гуфт: 

— Бале, мешавад. Писарам 31 сол боз рафтааст, шояд имрӯз баргардад ва мо то фардо се нафар хоҳем шуд…

Фардо маъмури давлатӣ дари хонаашонро тақ-тақ кард, аммо пиразанро наёфт. 

Ҳамсояи пиразан ба маъмур гуфт: 

— 31 сол аст, ки пиразан ҳар куҷое, ки равад, калиди хонаашро ба ман медиҳад ва мегӯяд:

— Шояд дар набудани ман писарам ояд ва хаставу монда шуда бошад, калидҳоро ба ӯ деҳ, ки то омадани ман истироҳат кунад ва ором бошад.

Мантиқ: Муҳаббати модар ба фарзанд инчунин аст. Муҳаббати ту чӣ, хонандаи азиз?!

Related Articles

Leave a Comment