Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО ҲУРМАТИ ВОЛИДАЙН

ҲУРМАТИ ВОЛИДАЙН

by admin
327 views

Пирамарди 80-сола бо писари таҳсилкардаи 45 солаи худ рӯи кати хона нишаста буданд. Ногаҳон зоғе канори панҷараашон нишаст.

Падар аз фарзанд пурсид:

— Ин чӣ аст? 

Писар посух дод:

— Зоғ аст.

Пас аз чанд дақиқа дубора пурсид:

— Ин чӣ аст? 

Писар гуфт: 

— Падар, ман ҳамин ҳоло гуфтам, ки ин зоғ аст.

Баъд аз мудати кӯтоҳе падар бори савум пурсид: 

— Ин чӣ аст? 

Писараш асабонӣ шуд ва бо ҳамон ҳолат гуфт: 

— Зоғ аст, зоғ!

Падар ба утоқаш рафт ва бо дафтари хотироти қадимааш баргашт. Саҳифаеро боз кард ва ба писараш гуфт, ки онро бихонад. Он ҷо чунин навишта буд: «Имрӯз писари кӯчакам, ки се сол дорад, рӯи кат бо ман нишастааст. Ҳангоме, ки зоғе канори панҷара нишаст, ӯ аз ман 23 бор пурсид, ки ин чӣ аст? Ман гуфтам, ки номи ин зоғ аст. Ҳар бор, ки ӯ мепурсид, ошиқона бағалаш мекардам ва ба ӯ ҷавоб мегуфтам. Асло асабонӣ намешудам, баръакс меҳраш ба дилам бештар ҷой мегирифт».

Мантиқ: Азизон, ҳеҷ вақт ба волидон бо дуруштӣ сухан магӯед, чунки онҳо ба шумо ҳаёташонро бахшидаанд.

Related Articles

Leave a Comment