Home АНДАРЗУ ҲИКМАТҲОҲИКМАТҲО САДОҚАТ

САДОҚАТ

by admin
235 views

     Мардеро ғуломе буд Луқмон ном. Луқмон ғуломе буд доно, бовафо, меҳрубон, хайрхоҳ ва хулоса ҳама хубиҳоро дар худ дошт ва аз ин рӯ назди арбоб бисёр азиз буд. Арбобаш ӯро ҳатто бар фарзандонаш муқаддам медошт. Ишқи арбоб ба Луқмон он андоза буд, ки ҷуз он ғизое, ки Луқмон аз он хӯрда буд, намехӯрд.

     Рӯзе барои арбоби Луқмон харбуза ба армуғон оварда буданд. Фарзандашро гуфт, то Луқмонро фарёд созад. Харбузаро пора кард ва як қоч ба Луқмон дод. Луқмон онро чунон ба ҳавас хӯрд гӯё, ки асал бошад. Арбоб, ки дид Луқмон харбузаро бисёр дӯст дошт, қочи дуввуму севвумро ба ӯ дод, то ба ҳафтдаҳ расид. Танҳо як қоч боқӣ монд. Арбоб хост онро бихӯрад, то бидонад он харбуза чӣ қадар ширин аст, ки Луқмон онро чунин ба иштиҳо мехӯрад, аммо харбуза на танҳо ширин набуд, балки чунон талх буд, ки забони арбоб обила зад ва ҳалқаш сӯхт. Дақиқае гузашт ва ҳоли арбоб беҳтар шуд.

      Пурсид:

— Луқмон! Чӣ гуна ту заҳри талхро чунин бо иштиҳо хӯрдӣ ва хам ба абрӯ наёвардӣ. Магар ту душмани ҷони худ ҳастӣ?

     Луқмон гуфт:

  — Ман аз дасти ту шириниҳо чашидаам ва неъматҳо гирифтаам, шарм кардам талхии ин якеро ба рӯят биёварам. Ин носипосӣ аст, ки ҳазор-ҳазор хубӣ бубинам ва ҳангоми як нохушӣ фиғон бароварам. Дар воқеъ, дасти ширинбахши ту талхӣ дар ин харбуза боқӣ нагузошт.

Мантиқ: Муҳаббат кимиёест, ки ҳар талхиро ширин мекунад, дардро шифо медиҳад ва мурдаро зинда месозад.

                                                                                                            (Мазмун аз «Маснавии маънавӣ»)

Related Articles

Leave a Comment