Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ТО ЗАБОН ДОРАД, ВАТАНДОР АСТ Ӯ

ТО ЗАБОН ДОРАД, ВАТАНДОР АСТ Ӯ

by admin
132 views

 

Забони тоҷикӣ на фақат гавҳари ҳастии миллати мо, балки нишони барҷастаи фарҳангии қадимӣ ва камолоти он аст.

                                                            Эмомалӣ Раҳмон

Забон ҳадяи бебаҳост, ки барои одамизод ато шудааст. Он имконият медиҳад, ки инсон қонуниятҳои табиат ва рушди ҷомеаро дарк намояд, соҳаҳои гуногуни илму техника ва санъатро пеш бубарад ба фарҳангҳои халқҳои дигар ҳамагиро гашта, панду андарз ва ҳикматҳои миллии дар худ фарогирифтаро ба намояндагони миллатҳои дигар интиқол диҳад. Ҳамзамон аз бозёфтҳои ба даст овардаи фарҳанги миллӣ ва неруҳои зеҳнии он ҳикоятҳо бикунад ва бо таммадуни ҷаҳонӣ ҳамгиро гашта, дар ѓанӣ гаштанифарҳангӣ намояндагони миллатҳои дигар мусоидат намояд. Забон ҷони миллат аст ва бе забон миллат арзи вуҷуд карда наметавонад ва худи башарият низ бидун забон вуҷуд надорад. Забон қобилияти инсонии муошират ва тафаккур буда, ҳам дар шакли забони модарӣ ва ҳам дар шакли маҷмӯи забони халқҳои дигари ҷаҳон арзи вуҷуд мекунад.

Аз қадимулайём мардумон забони модарӣ ва дигар забонҳоро меомӯхтанд. Имрӯз давлати тоҷиконро зиёда аз 200 давлати ҷаҳон мешиносад. Пеш аз ҳама халқи тоҷикро бо меҳмоннавозиаш мешиносанду қадр мекунанд. Халқи тоҷик бо забони равони тоҷикӣ ба дили дигар миллатҳо тез роҳ меёбад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳар як суханрониашон ба ҳифзи забони модарӣ диққати махсус медиҳанд. Ин шахси бузургу мӯътабар мақоми забони модариро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам боло гардонд.

Умед ЯРБОБОЕВ, донишҷӯи соли 3-юми факултаи химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment