Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД…

БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД…

by admin
901 views

Боре ҳангоми дарси тарбиявӣ роҳбари гурӯҳ муҳтарам Шарипов Бахтовар аз мо ҷои зистамонро пурсон шуд. Баъд аз фаҳмидан аз донишҷӯёне, ки аз шаҳри Кӯлоб буданд, пурсид, ки оё боре шудааст, ки донишҷӯёни дар хобгоҳ ва иҷорахона мезистагиатонро ба меҳмонӣ даъват карда бошед, ё ин ки ягон кӯмаке расонида бошед?

Он лаҳза бепарвогӣ карда, ҷавоб додем, ки мо даъват мекунем, аммо онҳо рад мекунанд ва аз ҳамон рӯз диққати ман ба чунин донишҷӯён зиёд шуд.

Бояд қайд кард, ки дар донишгоҳ хобгоҳ мавҷуд аст ва қисме аз донишҷӯёнро ба ҷои зист таъмин менамояд ва қисми дигари донишҷӯён бошад, дар иҷора зиндагӣ мекунанд.

Қисми зиёди донишҷӯёне, ки иҷоранишин мебошанд, дар баробари таҳсил маҷбур мешаванд, ки барои идомаи таҳсил, иҷорапулӣ ва гузаронидани рӯзгори хеш дар вақтҳои холигӣ ба коре машғул шаванд, то маблағе ба даст оранд.

Донишҷӯёне, ки дар таҳсили «шабона» ҳастанд, махсусан, писарон баъд аз анҷоми дарс ба кор мераванд. Онҳо қисми шаб ва баъзан тамоми шаб кор мекунанд ва хеле хаста мешаванд. Дар баробари ин, ҳама хастагӣ онҳо боз ҳам кӯшиш мекунанд, ки илму дониш омӯзанд, ки ин қобили таҳсин аст.

Мутаассифона, донишҷӯёне ҳастанд, ки барои таҳсил тамоми шароитҳо аз тарафи волидон муҳайё шудааст, аммо барои омӯхтани илму дониш саъю кӯшиш намекунанд ва баръакс ба корҳои беҳуда вақти худро сарф менамоянд.

Ҳар инсоне, ки худаш аз сидқи дил барои мақсаде саъю талош менамояд, албатта ба мақсадаш мерасад. Зеро ба қавли шоир:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Миҷгона РАСУЛЗОДА,

донишҷӯи соли 2-юми

факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг

Related Articles

Leave a Comment