Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ТАБИАТИ ТОҶИКИСТОН ФАРАҲАФЗОСТ!

ТАБИАТИ ТОҶИКИСТОН ФАРАҲАФЗОСТ!

by admin
2458 views

Тоҷикистон – ватани азизу маҳбубамон дорои табиати нотакрору зебое мебошад. Кӯҳҳои сар ба фалак кашида, чашмаҳову растаниҳои шифобахш, дарёҳои пурҷӯшу хурӯш, ҳавои софу беғубораш воқеан ҳам ҳайратовар аст.

Дар чунин як сарзамини зебо, ки табиати нотакроре дорад ба ҳар кас зистан муяссар намешавад. Мо тоҷикистониён бояд шукронаи Яздони покро намоем, ки ба мо чунин як кишвари биҳиштосоро насиб гардонидааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар тозаю озода нигоҳ доштани табиати диёри хеш талош варзем.

Табиате, ки ба мо растаниҳои шифобахш, оби софу зулол, ҳавои тоза мебахшад, ба муҳофизати мо эҳтиёҷ дорад. Бояд ҳар як фарди кишварамон ба қонунҳое, ки барои тоза нигоҳ доштан ва муҳофизати табиат муrаррар шудаанд, итоат намуда онҳоро риоя намояд.

Шоири шинохтаи тоҷик Мардон Ашуров дар васфи ганҷинаи бебаҳое, ки аз табиат ба вуҷуд меояд, суханони зебое иншо намуда, ба воситаи ин манзумаи навиштаи худ моро водор ба он месозад, ки ба қонунҳои табиат итоат намоем:

Замин ганҷинаи хайру саховат,

Набототаш кунад моро табобат.

Намо ҳифзи ҳавою обу хокаш,

Нигаҳ дорад туро доим саломат.

Табиат мешавад ободу зебо,

Ба дасти фарди боақлу фаросат.

Агар шоҳи ҷаҳонию бузургӣ

Ба қонуни табиат кун итоат.

Шаҳнозаи ДАВЛАТАЛӢ,

донишҷӯи соли 3-юми факултаи

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment