Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ОЁ КАРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН ОМАДААСТ Ё НЕ?

ОЁ КАРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН ОМАДААСТ Ё НЕ?

by admin
159 views

Асри навро дар баробари пешравии илму техника ва дастовардҳои зиёд, инчунин асри пур аз ҳаводису мушкилиҳои нав низ гуфтан мумкин аст. Инсоният дар ин давру замон бояд ба ҳама чиз омода бошад. Чи тавре ки ҳамагон хабар доранд, ҳоло дар ҳамсоякишвари мо Ҷумҳурии мардумии Чин вируси нав бо номи каронавирус паҳн шудааст, ки сабабгори марги инсонҳо гардида истодааст. Тибқи маълумотҳои нав ба ин вирус беш аз 80000 кас мубтало гардида, зиёда аз 3000 каси дигар ба ҳалокат расидаанд.

Суоле ба миён меояд, ки оё ин вирус то Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳамсоягии Ҷумҳурии мардумии Чин қарор дорад, расидааст ё не? Ин ақида аксари моро ба ташвиш овардааст.

Ҳоло дар миёни мардум чунин овозаҳо паҳн шудаанд, ки каронавирус то ба Тоҷикистони мо низ омадааст ва мо аз ин чиз бисёр дар ташвиш ҳастем. Ҳато як ҳафта пеш ҳамаи оилаи ман ба чунин як зукоми шадид гирифтор шудем, аммо ҳозир шукри Худо ҳамаамон шифо ёфта, ба по хестем. Рости худи ман тӯли 23 соли умрам бори аввал ба чунин зукоми сахт рӯ ба рӯ шудам.

Донишҷӯи соли панҷуми факултаи физика ва математика Раҷабалӣ Нурулло чунин қайд кардаанд: “Дар ин лаҳзаҳо мо намедонем, ки ба кӣ бовар кунем. Дар телевизионҳо ин беморӣ ба Тоҷикистон наомадааст мегӯянд, аммо боз дар барномаҳои дигари телевизионӣ барои пешгирӣ аз ин вирус профессорон тавсияҳо медиҳанд. Агар ин вирус набошад, пас ин гуна тавсияҳо барои чист?”

Баъди ҳамсуҳбат шудан бо сокини шаҳри Кулоб Рафиев Саидмаҳмуд фаҳмидем, ки ӯ тамоман дигар андеша дорад: “Албатта не, зеро агар чунин мебуд, ба мо хабар медоданд, то ки баҳри пешгирии он чораҳо андешида шавад. Ин фақат бофтаи фитнагарон аст. Онҳо мехоҳанд бо ин ақида моро фиреб диҳанд, лекин мо ба ин бовар намекунем.”

Рустам ҚАМАРЗОДА,

донишҷӯи соли 5-уми факултаи

физика ва математика

Related Articles

Leave a Comment