Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ОБ-ТАЛАБОТИ АСОСИИ ҶАҲОН

ОБ-ТАЛАБОТИ АСОСИИ ҶАҲОН

by admin
218 views

Ба ҳамагон маълум аст, табиат манбаи асосии ҳаёти инсони ба шумор меравад. Имрӯзҳо мо албатта ба тариқи радиою телевизион хуб мушоҳида кардаем, ки иқлими саёраи замин дар ҳолати тағйирёбӣ қарор дорад. 71%-и кураи заминро об ташкил медиҳад, аммо мутаассифона, бархе аз аҳолии ҷаҳон аз доштани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд.

Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро? Чунки инсонияти қарни ХХ ва ХХI саноатро пеш мебарам гуфта, партобҳои маводҳои заҳролӯди заводу корхонаҳои хешро ба баҳру уқёнусҳо равона месозанд, ки ин албатта ба ифлосшавии обҳо оварда мерасонад. Барои организми одам дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 3-5 литр об лозим аст. Пас, дар як сол ин адад ба 1метр куб баробар мешавад, лекин саноат хоҷагии қишлоқ ва ғайра талаботи онро 1000 маротиба ба сари як одам зиёд мекунад. Мисол, дар мамлакатҳои тараққикарда (ИМА, Олмон, Канада ва ғ.) сарфи об ба сари ҳар як одам зиёда аз 1200 метр кубро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби олӯдашудаи (аз ҳисоби саноат, нақлиёт, аҳолии шаҳрҳо, садамаҳои баҳри ва ғ.) сайёраи Замин зиёда 1млн. км. кубро дар як сол ташкил медиҳад. Муввофиқи гуфтаи яке аз олимони немис Хефлинг: “Агар инсон бо фаъолияти бехирадонаи худ охирон дарёчаро заҳролуд кунад ва ё охирон ҳайвонро нест намояд, он гоҳ мефаҳмад, ки пул манбаи ғизо нест”.

Бояд қайд кард, ки солҳои 2018-2028 дар тамоми ҷаҳон солҳои “Об барои рушди устувор” эълон гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аксари давлатҳо нархи 1 литр об аз 1 литр бензин боло меистад. Бархе аз дигар кишварҳо аз надоштани об азият мекашанд. Масалан, дар Африқо 30 миллион ва дар Осиёи Ҷанубӣ 1 миллиард инсон муҳтоҷи оби ошомиданианд.

Хушбахтона, баҳри пешгирӣ кардан ва кам кардани ифлосшавии обҳои нӯшокӣ дар ҷаҳон дар СММ ташкилоти байналмилалии “Гримпис” фаъолият мекунад, аммо агар ҳар як инсон нисбат ба ин маводи умрбахш беэътиноӣ зоҳир намояд ва худ бемасъулият бошад, Худо медонад, ки дар қарнҳои дигар инсон аз кадом навъи обӣ ошомиданӣ истифода мебарад.

Зуҳал ЗАРИПОВА,

донишҷӯи соли 2юми факултаи

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment