Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ АНДӮҲ БАРОИ ХАТМИ ДОНИШГОҲ

АНДӮҲ БАРОИ ХАТМИ ДОНИШГОҲ

by admin
269 views

Ман бисёр ғамгин ҳастам, ки донишгоҳро хатм менамоям, чунки айёми донишҷӯӣ беҳтарин давра ба ҳисоб меравад. Ин давра барои ман ва донишҷӯёни дигар бисёр давраи хуб аст. Шукр мекунам, ки ҳамаи ҳамкурсонам бисёр хушодобу хушахлоқанд, якдигарро ҳурмату эҳтиром мекунанд ва ҳамдигарро ба мисли акаву хоҳар медонанд. Афсӯс, ки дигарбора айёми донишҷӯӣ бар намегардад. Орзуву нияти ман ҳамин аст, ки донишгоҳро бо сари баланд хатм намоям ва ба мактаби деҳаамон рафта, омӯзгор шуда кор кунам.

Донишҷӯёне, ки таҳсил карда истодаед, ба қадри ин давраи беҳтарин бирасанд, давраи донишҷӯиро ғанимат бидонед.Ман дар тӯли 4 соли таҳсилам бо ҳамкурсонам шинос шудам ва аз хулқу атвори онҳо бохабар гардидам. Ман қадру қимати ҳамкурсонамро медонам ва ҳурматашонро ба ҷо меоварам ва ҳеҷ аз хотиротам берун намекунам. Ба устодон низ изҳори сипосу миннатдорӣ баён мекунам, ки онҳо барои ба мо илму дониш омӯхтан кӯшишҳои зиёде кардаанд. Он чизҳоеро, ки мо намедонистем, аз устодон омӯхтем. Устодони мо дарвоқеъ бисёр устодони хубу ботаҷрибаанд. Агар аз ҷониби ман ягон нофаҳмие шуда бошад, ё ин ки ягон сухани бад нисбаташон гуфта бошам, бахшиш ва узр мехоҳам.

Хайр, устодони гиромӣ. Дар корҳоятон муваффаққияту комёбиҳо хоҳонам. Хайр, ҳамкурсони азиз, ба шумо ҳам дар касбу коре, ки орзу доред, ба он ноил гаштанатонро хоҳонам. Худованд шуморо ба ҳамаи орзӯҳоятон бирасонад.

Самарддин ҚУРБОНОВ,

донишҷӯи соли 4-уми факултаи

филологияи тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment