Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-БАДЕӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-БАДЕӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

by admin
15 views
Санаи 07 марти соли 2025 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиш илмӣ-бадеӣ дар мавзуи “Модар –эҳёгари зиндагӣ ва сарчашмаи муҳаббат” бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш сардори раёсати тарбияи донишгоҳ Холматов Баҳром, декани факултет, дотсент Шарифзода Одинамо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет Шарифзода Одинамо зимни сухани ифтитоҳии хеш аҳли нишастро бо ин ҷашн табрику таҳният намуда, ба онҳо бахту иқбол ва саломативу сарбаландӣ таманно намуд. Қайд гардид, “Модар неъмати бебаҳо, сарчашмаи муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоён ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёлҳои мост. Манзалат, қиммат ва муҳаббати гаронбаҳои модар дар шаҳдрези каломи шоирону орифон, фозилону олимон баръало равшану ҷилвагар аст”.
Сипас, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром ба сухан баромада, иброз дошт, ки занону бонувони муосири тоҷик аз насли занони қаҳрамону ватандӯсти ориёӣ мебошанд ва озодиву иззату иффати аҷдодии худро дар шароит ва рӯзгори нав ҳифз кардаанд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ донишҷӯёни факултет шеъру суруд дар васфи модар қироат намуданд. Инчунин аз ҷониби гулдухтарон ороиши сару либос, намоиши либосҳои миллӣ, суруди «Алла», омода намудани хӯрокҳои миллӣ ва саҳначаҳои ҳаҷвию тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.ф

Related Articles

Leave a Comment