Home ХАБАР ВОХӮРИ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

ВОХӮРИ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
131 views
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф кардани омилҳои иҷтимоии зуҳури ҷинояткорӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳамзамон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як силсила санадҳои муҳими меъёриву ҳуқуқиро ба тасвиб расонидааст. Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Ба ин хотир, санаи 20-уми октябр дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Кумитаи падару модарони донишҷӯён дар нимсолаи аввали соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.
Дар ҷаласа декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарипова Одинамо, ҷонишини декан оид ба таълим Нурматов Ёқуб, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Иброҳими Аҳмадхон, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Асоева Комилахон, раиси Шурои занон ва духтарони донишгоҳ Рузиева Барно ва падару модари донишҷӯён ширкат намуданд.
Сараввал декани факултет, дотсент Шарипова Одинамо суханронии худро аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” оғоз намуда, таъкид доштанд, ки ояндаи миллат аз таълиму тарбияи дурусти фарзанд аст. Аз ин хотир, волидони имрӯзаро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд. Дар амалӣ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бетараф нашуда, баръакс кӯшиш намоянд, ки дар чаҳорчӯбаи он амал намоянд, зеро ин Қонун тамоми масъалаҳои таълиму тарбияро дар бар мегирад ва як меъёри ёрирасон барои волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд гаштааст. Бидуни таълиму тарбия тартиботи ҷомеаро наметавон пойдору устувор кард ва ба ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимод умед баст. Сипас, раиси Шурои занон ва духтарони донишгоҳ Рузиева Барно оиди баррасӣ намудани риояи сару либоси тавсиявии донишҷӯён дар муассисаҳои Олии кишвар баромад намуданд.
Дар охир падару модарон аз рафти дарси донишҷӯён ва шарту шароите, ки донишгоҳ барои онҳо муҳаё кардаанд, дидан намуданд. Инчунин, аз таҳсили фарзандонашон пурсон шуданд. Таъкид гардид, ки равобити мустаҳкам миёни донишгоҳ ва волидайн ҳамеша бояд ба роҳ монда шавад.

Related Articles

Leave a Comment