Home ХАБАР КОРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲ

КОРИ ДАСТАҶАМЪОНАИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
287 views

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ субҳи 03.03.2025 пас аз боридани шадиди барф ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёну муҳассилини муассиса бо мақсади аз барф тоза намудани муҳити атроф, махсусан роҳравҳо ва дарахтони ҳамешасабз дастаҷамъона ба корҳои покизакорӣ баромаданд. Ҳайати кормандон дар чунин шароит, бо истифода аз асбобҳои лозима ба тоза кардани роҳравҳо дар роҳи асосии ҳаракати одамон барои пешгирӣ аз хатарот, аз қабили лағжидан ва осеб дидан, тоза кардани дарахтони ҳамешасабз ҷиҳати аз асари барфи шадид осеб надидани шохаҳои онҳо машғул гардиданд. Чунин корҳои дастаҷамъонаи ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён дар назди биноҳои таълимии факултетҳои донишгоҳ низ гузаронида шуд.

Related Articles

Leave a Comment