Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
15 views
Санаи 25.02.2025 дар кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар семинар дотсенти кафедра Мирзораҳматова Гулнора дар мавзуи “Хусусиятҳои бадеии ашъори Мирзо Қадам”, муаллими калони кафедра Бобозода Бахтовар дар мавзуи “Нақш ва ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ва докторанти PhD-и кафедра Шерафгани Ҷамъадар мавзуи “Сифатҳои аслӣ ва баъзе вижагиҳои онҳо дар “Ашки офтоб”-и Ҳақназар Ғоиб” маърӯза намуданд.
Семинар дар фазои илмӣ ва муҳокимаронии озод баргузор шуда, иштирокдорон перомуни мавзуъҳои матраҳшуда баҳсу гуфтугӯ намуданд. Ҳайати омӯзгорон ва ҳозирин фикру андешаҳои худро баён дошта, аҳамияти чунин чорабиниҳоро барои рушди таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши забони тоҷикӣ баланд арзёбӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment