Home ХАБАР ТАЪЗИЯ ВА ҲАМДАРДӢ

ТАЪЗИЯ ВА ҲАМДАРДӢ

by admin
19 views
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки чанд лаҳза пеш қалби сиёсатшинос, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳ – МУРОДОВ ТЕМУР НАЗРИЕВИЧ аз тапидан боз монд.
Раёсат ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба аҳли пайвандон, наздикон ва шогирдони марҳум ҳамдардии амиқ баён намуда, ба пайвандону наздикон дар таҳаммули дарди фироқ неруву шикебоӣ мехоҳанд.
Марги устоди иззатманд барои аҳли зиёи кишвар ва ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ талафоти бузургу андӯҳи гарон аст.
Рӯҳу равони устод шоду манзили охираташон обод бод!
Маросими видоъ имрӯз (25.02.2025) соати 10:00 дар шаҳри Кӯлоб, деҳаи Файзобод назди мактаби 27 (пештара Савхози боло) доир мегардад.

Related Articles

Leave a Comment