Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
11 views
Имрӯз (24.02.2025) дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон баргузор гардид.
Дар семинар ассистенти кафедра Қурбонзода Кароматулло дар мавзуи “Ташаккули боварии варзишгарон ба имкониятҳои худ” ва муаллими калони кафедра Нурматов Шарофиддин дар мавзуи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ҷисмонӣ» маърӯза намуданд.
Семинари илмӣ-назариявӣ бо баҳсу мунозира ва табодули афкор миёни устодон ва иштирокчиён идома ёфт. Баромадкунандагон ба саволҳои ҳозирин посух дода, оид ба роҳҳои инкишоф ва такмили раванди тарбияи ҷисмонӣ дар низоми таълим пешниҳодҳои судманд ироа намуданд.

Related Articles

Leave a Comment