Home ХАБАР МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МАТЕМАТИКА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ МАТЕМАТИКА ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

by admin
17 views
Бо чунин ном санаи 21-уми феврлаи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 80-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 85-солагии хотираи неки доктори илмҳои физика-математика, профессор Акбаров Раҳмат баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарияти донишгоҳ, ходимони илмӣ, олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд.
Кори конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.
Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳайати олимону донишмандони муътабарро ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба ин боргоҳи илму маърифат, парвозгоҳи ҳазорон фарзандони фарзонаву номвар, ходимони варзидаи илмиву сиёсӣ, ҳомиёни ҷонфидову эҳёбахши адабу фарҳанги миллӣ, равнақбахшони пурмаҳсули Ватани азизу маҳбуб самимона хайрамақдам гуфта, зимнан бо таваҷҷуҳ ба корномаи беназири олими варзида ва донишманди асил профессор Акбаров Раҳмат таъкид доштанд, ки устод аз ҷумлаи он афроди сарсупурдаи роҳи илм ва яке аз пояҳои устувору побарҷои самти илмҳои табиию риёзӣ буданд, ки умри пурбаракати хешро сарфи илми математика, таълиму таҳқиқи он намуда, дар масири пурзиёи омӯзгорӣ шогирдони зиёде тарбият намудааст. Ӯ дар баробари устоди беназир ва моҳир буданаш, олими пухтакору сермаҳсул буд. Корҳои таҳқиқотии устод доир ба “Масъалаҳои канории хаттии назарияи функсияҳои аналитикӣ бо қисмҳои асосии додашуда” ва “Масъалаҳои канории назарияҳои фунскияҳои аналитикӣ ва умумишудаи аналитикӣ бо сарбории аъзоҳои озод ва шартҳои иловагии шакли моментҳо” аҳамияти илмии ҷаҳонӣ доранд.
Профессор Раҳмат Акбаров аз самараи фаъолияти пурбори илмӣ-пажуҳишӣ ва омӯзгории хеш 12 китоб ва беш аз 30 мақолаи илмӣ дар ихтиёри муҳаққиқону алоқамандон гузоштааст. Мақолаҳои устод дар маҷалаҳои бонуфузи ИМА, Федератсияи Росси ва Ҷумҳурии Белорус ба табъ расида, баёнгари эътибору эътирофи эшон ҳамчун олими тавонову соҳибмавқеи доираҳои илмӣ мебошад.
Сипас, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Худойдодова Шарофат зимни пешбурди кори конфронс бо ёдоварӣ аз заҳамот ва талошҳои устоди киром дар рушд ва пешрафти донишгоҳ иброз намуданд, ки зиндагии як фард ва роҳи тайнамудаи ӯ дар ҷодаи фаъолияташ дар ин ё он соҳа ба монанди як китоби пур аз авроқи панду ҳикмат ва фазилат бардоштанҳост, ки онро бо чашми сар ва ақлу заковат мебояд мутолиа кард, дуруст сарфаҳм рафт ва воқеӣ арзёбӣ намуд.
Дар идома тибқи барномаи конфронс Просоедова Наталия-ходими журнали “Ахбори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” бо маърӯзаи “Кори ӯ пуршараф номаш абадист”, академик, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Раҷабов Нусрат бо маърӯзаи “Системаи хаттии барзиёдмуайяншудаи муодилаҳои интегралӣ аз рӯйи соҳаи силиндрӣ дар ҳолате, ки муодилаи дуюм муодилаи асосӣ аст”, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Раҷабова Лутфия бо маърӯзаи “Оид ба назарияи муодилаҳои дученакаи интегралии намуди Волтерра бо хати махсуси дохилӣ”, Ҷуразода Хайрулло бо маърӯзаи “Истифодаи схемаҳои фарқӣ баро ҳисоби майдони дученаи ҳарорат” баромад намуданд.
Баромадкунандагон зикр намуданд, ки устод Акбаров Раҳмат аз ҷумлаи олимони сермаҳсул ва нуктасанҷ буда, бо тафаккури амиқ ва таҳқиқоти арзишманди худ дар рушди илми ватанӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ӯ тамоми умри хешро бо садоқат ба омӯзиш, пажӯҳиш ва тарбияи насли ояндасози миллат бахшида, дар рушду такомули соҳаи илму маориф нақши бориз гузоштааст.
Мероси илмии устод Акбаров на танҳо дар доираи таҳқиқотҳои ӯ маҳдуд намешавад, балки дар шогирдони зиёде, ки зери раҳнамоии ӯ ба камол расидаанд, низ инъикос мегардад. Ҳар як асари илмӣ ва методии ӯ сарчашмаи гаронбаҳое барои муҳаққиқон ва омӯзгорон маҳсуб ёфта, ҳанӯз ҳам арзиши таълимӣ ва амалии худро нигоҳ медорад.
Пас аз хотимаи маърӯзаҳои асосӣ дар қисми музокираи конфронс Акбарова Маҳрамбӣ – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи фанҳои табиӣ, риёзӣ ва методикаи таълими он ва Холиқов Сафар-дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он ва наздикону пайвандони устод дар хусуси мавзуи фаъолият ва мактаби илмии профессор Акбаров Раҳмат изҳори андеша намуданд.
Кори конференсия қисми дуюми рӯз дар 4 бахш бо баррасии 110 мақолаи олимону донишмандон идома ёфт.

Related Articles

Leave a Comment