Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ «АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР»

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР МАВЗУИ «АМНИЯТИ МИЛЛӢ ВА ХАТАРҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР»

by admin
208 views

Санаи 24-ами апрели соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Амнияти миллӣ ва хатарҳои ҷаҳони муосир» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, мудирони кафедраҳои тахассусии факултет ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет суханронӣ намуда, дар бораи мавзуъҳои баррасишавандаи ҳамоиш ба ҳозирин маълумот дода, қайд карданд: “Равшан аст, ки  падидаҳои номбурда ҳамчун ҷинояти сангин алайҳи оромию суботи инсоният аст. Ҳадафи ягонаи ҳар яки он гурӯҳҳо дар амал як буда, иҷрои фазои ноамонию бесуботиро барои шаҳрвандони ин ё он давлат эҷод кардан, дороии ин ё он давлатро бо роҳи тасаруф аз худ кардан ва сиёсатдории ин ё он давлатро заиф кардан аст. Бо ин роҳ онҳо имконият пайдо карда боварии мардумро нисбат ба давлат коҳиш дода, миёни давлат ва мардум фосила эҷод карда истодаанд”.

Сипас Назарзода Пиралӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент дар мавзуи “Ҷараёнҳои динии экстремистӣ-террористӣ дар Осиёи Марказӣ: заминаҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирӣ аз ин зуҳурот”, Некрӯзи Маҳмадхоҷа, муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи “Манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои геополитикӣ ва роҳу воситаҳои таъмини амнияти миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)” ва Шерзод Муҳаммадҷон, ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Мафҳум, моҳият ва шаклҳои зоҳиршавии коррупсия” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охири ҳамоиш ба як қатор омӯзгорону донишҷӯён барои иштироки фаъолона ва маърӯзаи беҳтарин дар конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо сипосномаи таъсиснамудаи факултет қадрдонӣ карда шуданд.

Related Articles

Leave a Comment