Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
175 views
Санаи 12-уми ноябр дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Маъюсию афсурдаҳолии мардум дар давраи ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсири психологии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани ин ҳолат” баргузор гардид.
Дар семинар сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар, мутахассиси пешбар Изатов Умедҷон, мутахассиси Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипова Сабрина, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш, донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Сараввал сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар баромад карда, қайд намуданд: “Илми психология исбот кардааст, ки инсонҳо бо хусусият, амалу рафтор, тафаккур, характер, мизоҷ, идрок, хаёл, қобилияту истеъдод ва дигар хусусиятҳои психологӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин албатта ҷиҳатҳои мусбату манфиро дар инсонҳо доро мебошанд. Агар ба таърихи ҳаёти инсоният ва давлатҳо назар кунем ҷанг ё ҷанги шаҳрвандӣ бо собабҳои гуногун ба вуҷуд омада, паёмадҳои он низ гунонгун мебошанд
.
Барои ба ҳолати эътидол овардан ва барқарорсозии давра ба давраи ин ҷанги хонумонсуз шахсияте лозим буд, ки он дорои иродаи қавӣ, тафаккури баланди сиёсӣ-иҷтимоии устувор, рафтори намунавӣ, қобилияту истеъдод, инсондӯсту некбин бошад, ҷомеа эҳтиёҷ дошт.
Хушбахтова чунин шахсият дар ҷомеаи тоҷик пайдо шуд. Дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — дар шаҳри Хуҷанд, ки он аз 16- уми ноябр то 2 декабри соли 1992 баргузор гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида ва бо қадамҳои устуворона, ниятҳои созандаи худ такони ҷиддие дар шуури мардум барои умед ба ояндаи нек ба амал овард”.
Дар охир донишҷӯён оиди мавзуи зикргардида миёни худ баҳсу мунозираҳо намуданд.

Related Articles

Leave a Comment