Имрӯз Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Узви комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ, дар конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Конвенсияи ИДМ дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ: фазои кушоди ҳамкориҳои байналмилалӣ» («Конвенция СНГ о стандартах демократических выборов: открытое пространство международного содрудничества»), ки дар доираи барномаи кории Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ аз ҷониби Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид, ба таври маҷозӣ иштирок намуда, дар мавзуи «Муқовимат бар зидди мудохилаи раванди интихобот дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» («Противодействие вмешательству в избирательные процессы на примере Республики Таджикистан») маърӯза карданд.
Қобили зикр аст, ки Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ҳамчун ниҳоди машваратӣ барои баррасии масъалаҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҷанбаҳои ҳамкориҳои парлумонӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак дар таҳияи санадҳои қонунгузории тавсиявӣ барои истифода дар қонунгузории миллии кишварҳои аъзо нақши созгор дорад.