Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ БА ОЛАМ АЗ ҲАМА ВОЛОЕД!

БА ОЛАМ АЗ ҲАМА ВОЛОЕД!

by admin
257 views

Модар гаронбаҳотарин дороӣ дар ҷаҳон мебошад ва ба андозае арзиш дорад, ки аз ҷониби Худованд ба ӯ номи фариштаи меҳрубон, фариштаи зеботарин ва фариштаи ширинсухан нозир шудааст.

Модар ҳамеша соябону сарпараст ва хуршеди даври зиндагонӣ ба сарамон мебошад. Вақте ки модар тифлашро дар оғӯш мегирад, ҳеҷ чиз ба монанди тифл барояш рӯҳпарвар нест. Бо як навозишу ситоиш фарзандашро рӯи дастонаш гирифта, дар сардиҳо гармо шуда, дар ташнагиҳо дарё ба қимати ҷони худаш ҳам аз тифл муҳофизат мекунад. Модар тамоми ҳастии худро барои мо сарф карда, дар зиндагӣ лаҳзае танҳоямон нагузошта, дасти чапро аз дасти рост шинохтанро омӯзонидааст.

Бо қалби пур аз меҳр ва марзаи биҳиштиаш хонаро пурнур мекунад. Қалби модар оромӣ надорад, ҳатто дар рӯзҳое, ки фарзандаш ба камол расидааст. Чизе ба андозаи дидани як фарзанд модарро хурсанд намесозад. Хоре агар ба пои фарзанд халад, дарду сӯзашро аввал дили модар ҳис мекунад. Барои ҳамин, бузургтарин ва зеботарин дӯо, дӯои аз сидқи дил, дӯое, ки шахсро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ мерасонад, ин дуои модар аст. Ҳамеша кӯшиш кунед, то дӯои неки модарро гиред!

Амрохони МӮСОХОН,

донишҷӯи соли 1-уми факултети

таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Related Articles

Leave a Comment