Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ИНТИХОБИ МАН МУАЙЯН АСТ!

ИНТИХОБИ МАН МУАЙЯН АСТ!

by admin
253 views

Яке аз нишонаҳои асосии демократӣ будани давлат дар он ифода меёбад, ки ҳокимияти давлатӣ бо истифода аз усулҳои интихобот, райъпурсӣ, соҳибихтиёрии халқ, иштироки ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва ғайра асос ёфта бошанд, пас, хулоса кардан мумкин аст, ки дар ҳудуди ин давлат низоми сиёсии демократӣ амал мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд кардаанд, ки: «Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад».

Дар ин радиф мо ҷавонон барои боз ҳам дурахшон гардидани фардои мамлакат, рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва амалигардии ҳадафҳои милли ҷумҳурии маҳбубамон бо ақлу заковати воло ва донишу малакаи худ санаи 11-уми октябр дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, бо ҷонибдории номзади арзанда райъи худро медиҳем.

Шарифхон АЗИЗХОҶАЕВ,

донишҷӯи соли 3-юми

факултаи иқтисод ва идора

Related Articles

Leave a Comment