Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ КАРВИЁ

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ КАРВИЁ

by admin
300 views

Карвиё зираи сиёҳи саҳроӣ мебошад, ки барг ва гулаш ба шибит монанд аст. Ранги гулаш сафед ва кабуд, ки ба гули бӯстонӣ шабоҳат дорад.

Инчунин, дар тиб навъи бӯстониашро ба кор мебаранд. Тухмаш бошад, ба андозаи зираи сафед, тез таъм, талх мебошад, бехи решааш ба сабзӣ монандӣ дорад.  Қуввати зираи сиёҳи бӯстонӣ то 3 сол боқӣ мемонад.

Хусусияти шифобахшии он: Хӯрдани карвиё ахлоти баданро нарм мегардонад, инчунин бухорҳои зарарноки ба сар барояндаро манъ мекунад. Боз карвиёро ба чашм кашанд, нури чашмро тез мегардонад ва аз ҳад зиёд истифода бурданаш чашмро хира мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан аз ин зира дар як рӯз 17,5 грамм аст, агар  10,5 грамми ин зираро бо 25 грамм равғани зайтун ҳар рӯз то як ҳафта бихӯранд, дармонбахши дард мешавад. Гиёҳ ва таъмашро дар об  ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад.

Шарифамо ШАМСЗОДА,

донишҷӯи соли 4-уми факултаи химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment