Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ

by admin
257 views

Саҳифаҳои таърих гувоҳи он аст, ки дар даврони рӯзгори нобасомонӣ ва шикастарӯҳӣ, тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард. Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуданд.

Дар таърихи навини халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдорӣ, балки эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои бузург кардаанд. Маҳз кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки мо соҳиби давлат шудему мавриди эътирофу эҳтироми ҷаҳониён қарор гирифтем.

Имрӯз мардуми шарифу бонангу номуси тоҷик, махсусан ҷавонону варзишгарони саодатманду сарбаланди тоҷик дар симои Пешвои миллат наҷотбахш, ҳомӣ, пуштибон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро мебинанд.

Боиси тазаккур аст, ки қатъи назар аз вазъи душвори давраи гузариш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар, ҷойи кор гардидан ва мавқеи хоса пайдо намудани онҳо дар ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст.

Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, cap аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан.

Ибораи ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон муқаддас аст, зеро дар он ормонҳои ҳазорсолаи халқамон таҷассум ёфтааст. Воқеан, ҳам Ваҳдат барои мо азиз аст, зеро тинҷиву осоиштагӣ, сарбаландию хушбахтӣ, сериву пурии халқ ва рушду шукуфоии кишвар ба он зич иртибот доранд.

Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси cap мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем.

Фароғат МАҲМАДИЕВА,

донишҷӯи соли 4-уми факултаи

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment