Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ КИТОБ-БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР

КИТОБ-БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР

by admin
342 views

SONY DSC

Яке аз нематҳои бузурги дунё китоб аст, ки бо фоидабахшиҳои он метавон ниҳоли ақлро сабзонд ва аз он маъниҳои зиёд бардошт. Китоб дӯстест, ки ҳамнишиниро тарк намекунад.

Китоб хазинаи илму маърифат, панду ҳикмат, дӯсти холис ва бетамаъ, ғамбарору ғамгусор ва ҳамнишину ҳамсуҳбати инсон аст. Китоб шамъи дили инсон, роҳбару роҳнамои ӯ дар зиндагист, ки аз нӯри ӯ метавон неку бад ва нафъу зарарро шинохт. Имрӯз, ки китоб шиносномаи шоистаи миллати мост, халки тоҷикро ҷаҳониён аз замони қадим тавассути илм адабиёт ва санъаташ мешиносанд.

Китоб беҳтарин ҳамнишиншин ва яке аз омилҳои саодату хушбахтист. Китоб ҳамнишинест, ки дар таърифу ситоиши ту муболиға намекунад, дӯстест, ки ба ту хиёнат намекунад, роҳнамоест, ки туро хаста намекунад.

Китобхонӣ боис мешавад, то мардум туро гиромӣ бидоранд. Хондани китоб туро аз зону задан назди касе, ки ахлоқат аз ӯ беҳтар аст ва ту аз ӯ хубтарӣ халос мегардонад.

Бахтинур АХМЕДОВ,

донишҷӯи соли 4-уми факултаи физика ва математика

Related Articles

Leave a Comment