Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ МОДАР, ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!

МОДАР, ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!

by admin
350 views

Модар, чи хел калимаи ширин ва дилангез аст. Вақте модар мегӯем, тамоми баданамону рӯҳамонро як эҳсоси хубе фаро мегирад, ки мо аз он ҳаловат мебарем. Модар ба мисли замин якто аст ва муҳаббати ӯ барои мо фарзандон беканор ва ҷовидона аст.

Аё модар, туро ёд кардам, дар танҳоӣ чашм мепӯшам ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад, вақте чашм мекушоям, ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам ҳаст. Туро ёд кардам, модар, чи гуна суханҳое бароят бигӯям, то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам, сарамро болои китфонат гузораму роҳат кунам. Оҳ, модар, чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чи қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз ту, туро ёд кардам. Биё модар, даст бар сарам бигузор, дили мисли мавҷҳои дарё пурталотум гаштаамро ором намо, биё, ки ман бо ту рози дил бигӯям.

Сангалӣ НАБОТОВ,

донишҷӯи соли 3-юми

факултаи химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment