Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ПОЯНДА БОД, АРТИШИ МИЛЛӢ!

ПОЯНДА БОД, АРТИШИ МИЛЛӢ!

by admin
395 views

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон — ташкилоти ҳарбии давлати буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйн гардидааст, ташкил медиҳад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 таъсис ёфтааст.

28-умин сол аст, ки ҳар сол ин руз таҷлил мешавад ва ҳарсол хоставу нохоста кас мехоҳад таърихи таъсиси Артиши Миллиро варақ занад, роҳи тайкардаи қариб 28-умин солаи онро пеши назар орад. Ва ин ёдкард хуб аст, чун наслҳо бояд донанд, ки Артиши Миллии мо дар кадом шароит будёд шуд ва тули ин муддат то куҷо рушд кард, таҷриба омӯхт.

Афсарону сарбозони қувваҳои мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохили (1992-1997) қарзи ватандории хешро садоқат мандона иҷро намуда, дорои ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гуруҳои экстремистиву террористи рисолати худро ба таври шоиста адо кардаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу ороми ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кушиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати милли ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқи монад.

Нилуфар МАХСУДОВА,

донишҷӯи соли 4-уми факултаи

химия, биология ва география

Related Articles

Leave a Comment