Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢМИНБАРИ ДОНИШҶӮ ЖУРНАЛИСТ КИСТ?

ЖУРНАЛИСТ КИСТ?

by admin
547 views

Журналист шахси воқеист, ки ба ҷамъоварӣ, таҳрир ва омода намудани ахбору мавод барои редаксияи воситаҳои ахбори омма (ВАО) машғул буда, бо ин редаксия таввасути шартномаи меҳнатӣ ё дигар муносибатҳои шартномавӣ алоқаманд аст ва аз рӯи ваколати ба ӯ додашуда фаъолият менамояд ва ё узви иттиҳодияҳои касбии журналистон мебошад.

Журналист корманди штатӣ (доимӣ) ва ғайриштатӣ, шартномавӣ, редаксия, идораҳои ВАО, мухбирон, кормандони шуъбаҳо, муҳаррирон ва ғайра мебошад, ки дар асоси ойинномаи редаксия ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ фаъолиат мекунанд. Маҳз он иттилоотро пайдо мекунад ва онро коркард менамояд. Журналистика — аз калимаи франсузии Journal — газета мебошад. Журналист дар ҳама навъи ВАО метавонад кору фаъолият намояд. ВАО гуфта матбуоти даврӣ, агентиҳои иттилоотӣ, радио ва телевизион, кинохроникаҳо, сабтҳо ва барномаҳои аудиовизуалӣ мебошад, ки дар як сол на камтар аз як маротиба таввасути эфир ё кабел паҳн карда мешаванд. Ҳар як журналист озодии худро дорад, ки озодии фаъолияти журналистро ба се гурӯҳ тақсим мекунанд:

  1. Озодии иҷтимоӣ-эҷодии журналист, яъне дар ҷамъият озод будан:
  2. Озодии ҳуқуқии журналист, яъне дар доираи ҳуқуқҳои мавҷудаи худ фаъолиятнамудани ӯ. Ягон шахс наметавонад ҳуқуқҳои журналистро поймол намояд:
  3. Озодии иқтисодии журналист, яъне журналист бояд аз касе вобаста, мӯҳтоҷ ва дастнигар набошад:

Агар журналист аз ягон шахс вобаста бошад, пас ин вобасташавии журналист аз ягон шахс мебошад. Имрӯзҳо ҳастанд журналистоне, ки аз ягон шахс аз ҷиҳати молӣ ё пулӣ вобастаанд. Вобаста будани журналист дар он зоҳир мегардад, ки журналист аз ягон шахс барои пахши хабари таърифӣ пӯл талаб менамояд ва дар сурати гирифтани пӯл журналист вазифадор аст, ки хабари таърифиро пахш намояд. Набояд фаромӯш кард, ки худи журналист — муассис, журналист- воқеият, журналист- ташкилотҳои иҷтимоӣ, журналист- аудитория ва ғайраро дар бар мегирад.

Умеда КАБИРЗОДА,

донишҷӯи соли 2-юми

факултаи филологияи

тоҷик ва журналистика

Related Articles

Leave a Comment