(Навқалам)
Дар олам ҳар ки некуном бошад,
Бӯалӣ Лоиқу Хаём бошад.
Агар хоҳам зи ман монад нишона,
Гӯям байту ғазал шеъру тарона.
ХХХХ
Чаро дилбар ту ёриам накардӣ,
Нигоҳе бар дили зорам накардӣ.
Ман охир аз ғами ишқат бимурдам,
Нигоҳ бар навҷавониам накардӣ.
ХХХХ
Эй ёр, биё фасли баҳор омадааст,
Бо банду либоси сабзвор омадааст.
Ин ваъдаи хоми ту то кай бошад,
Ин дили ман охир ба фиғон омадааст.
ХХХХ
Зи ёди ёр ман паҷмурда гаштам,
Басе дар ин ҷаҳон озурда гаштам.
Ба ёди Лайлии зебо-парирӯй,
Мисоли Маҷнун овора гаштам.
ХХХХ
Алам дорам, алам дорам,
Мисоли кӯҳ ғам дорам.
Надорам як касе ҳамдард,
Ғами ишқат ба душ дорам.
Орзӯ ҚАЛАНДАРОВ,
донишҷӯи соли 1-уми
факултаи омӯзгорӣ ва фарҳанг