Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфилҳои гуногуни омӯзишӣ фаъолият менамоянд, ки барои баланд бардоштани донишҳои тахассусӣ ва такмили малакаҳои амалии донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меоранд. Бо ҳамин мақсад, санаи 21 октябри соли 2026 дар “Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ”-и муассиса маҳфили навбатии “Чеварони гулдаст” бо иштироки директори парки технологии донишгоҳ Қурбонзода Некрӯз, роҳбари маҳфил, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он Мирзоева Бунафша ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил баромад намуда, доир ба ҳадаф ва аҳамияти фаъолияти маҳфил суханронӣ намуда, дар мавзуи “Риояи қоидаҳои бехатарӣ дар маркази омӯзишии ҳунарҳои мардумӣ” баромад намуд. Ҳамчунин, чевари маркази мазкур Қулатова С. дар мавзуи “Заминаҳои пайдоиши санъати дӯзандагӣ ва рушди он дар замони муосир” баромад кард.
Дар фарҷоми ҷамъомад миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, таваҷҷуҳи донишҷӯён ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таъкид гардид.
